НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони 13 - сола (U-13) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид.
август 27 2022

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони 13 - сола (U-13) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид.

     Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории                                            Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони 13 - сола (U - 13) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид.

    Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қ.Хуршед, собиқадорони футбол ва дигарон иштирок доштанд.

    Барои ба даст овардани мақоми сеюм дастаи "Зарнисор" - и ноҳияи Вахш бо дастаи "Зебо" - и ноҳияи Дӯстӣ рақобат намуд, ки бозингарони дастаи "Зарнисор" бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

    Барои мақоми аввали чемпионат дастаҳои "Бешкент" - и ноҳияи Носири Хусрав ва - "Панҷшер" - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳам андари майдони рақобат шуданд. Дар натиҷа, дастаи "Бешкент" бо ҳисоби калони 0:4 шикаст хӯрд.

      Дастаи "Панҷшер" - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар рафти чемпионат маҳорати баланд нишон дод, дар натиҷа, дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, соҳиби медали тилло ва Ҷоми чемпионат гардид.

     Зинаҳои  дуюм ва сеюмро дастаҳои "Бешкент" - и ноҳияи Носири Хусрав ва "Зарнисор" - и ноҳияи Вахш ишғол намуданд. 

      Бо ҳамин дастаҳои ғолиби чемпионат бо Ҷом, медал ва ифтихорнома қадрдони карда шуданд. Ҳамчунин баъд аз анҷоми мусобиқа бо бозингарони беҳтарин тӯҳфаҳо супорида шуд. 

       Мавриди зикр аст, ки дар мавсими имсола дар минтақаи Бохтар 7 даста иштирок намуда, миёни ҳам дар як гурӯҳ рақобат намуданд.

        Инҳо дастаҳои "ГУСШ - 1" (Бохтар), "Панҷшер" (Ҷ.Балхӣ), "Бешкент" (Н.Хусрав), "Зебо" (Ҷайҳун), "Зарнисор" (Вахш), "Пахтакор" (Қубодиён), "Чашма" (Шаҳритус) буданд.                                                                                                                

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи Мақбараи

21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Пардабардорӣ аз рӯйи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Февраль 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728