ҶАМЪОВАРИИ БО МАРОМИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Аммо бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла вобаста ба вазъи бозори фурӯш майдони кишти он нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, боиси коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва ҳаҷми содироти он гардидааст. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд. Эмомалӣ РАҲМОН Ин дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат соҳаи пахтакориро чун солҳои пешин рушду равнақ бахшанд. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия заҳматкашони Стансияи таҷрибавии зироатҳои гармидӯсти Ҷамоати деҳоти Навоӣ нақшаи дурнамои пахтаро 102,7 фоиз барзиёд иҷро намуда, то ҳол чиниши пахтааш идома дорад. Ҳамчунин то имрӯз аҳли заҳмати хоҷагии А. Дӯстови Ҷамоати деҳоти Ҳалевард низ нақшаи дурнамои хешро 90,7 фоиз иҷро намудаанд ва онҳо низ кӯшиш ба харҷ доранд, ки ҳарчӣ зудтар нақшаи дурнамои пахтаро барзиёд иҷро намоянд. Дар хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегови Ҷамоати деҳоти Навобод то имрӯз 86,4 фоизи нақшаи дурнамои пахтаро иҷро намудаанд. Дар ин замина мо аз майдони пахтазори деҳаи «Абдулло»-и кооперативи истеҳсолии Хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегови ҷамоати мазкур дидан намудем, ки аъзои он ба ҷамъоварии «тиллои сафед» машғул буданд. Зимни суҳбат бо бригадири деҳаи болозикр, мутахассиси ҷавон Қобилҷон Наҷмиддинов маълум гардид, ки онҳо имсол дар майдони 13 гектар пахтаи навъи туркии «Лодос» кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Дурнамои пахтасупориро, ки 36 тоннаву 400 кг буд, барзиёд иҷро намуданд. -Нашъунамои ниҳолони пахта ва ҳосилнокии он хеле хуб аст ва кулли заҳматкашони хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов аз боду ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, cаъю кӯшиш намуда истодаем, ки нақшаро сари вақт иҷро намоем. Бо ин мақсад барои кормандон шароитҳои лозимӣ муҳайё карда шуда, музди меҳнати пахтачинонро сари вақт пардохт намуда истодаем,- иброз дошт Қобилҷон Наҷмиддинов. Дар худи Ҷамоати деҳоти Навобод бошад, аҳли заҳмат нақшаи дурнамои пахтаро то санаи 19 октябри соли ҷорӣ ба 81,4 фоиз расонидаанд, ки ҳоло ҷамъоварии бомароми пахта идома дорад. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи пахтакорӣ сол то сол рушд ёфта, майдони кишти пунбадона зиёд шуда истодааст ва аҳли заҳмати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ кӯшиш намуда истодаанд, ки баҳри рушди соҳаи мазкур ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта саҳмгузор бошанд.
Парвина АҶИКОВА, аксбардор Аҳмадбой ШЕРМАТОВ
Навиди Балх