МОҲИПАРВАРӢ - ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ
Моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти ин соҳаи муҳими кишоварзӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида истодааст. Яке аз хоҷагиҳои моҳипарварии пешқадам дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҷагии деҳқонии «Ҳомидзода» мебошад, ки роҳбариашро Ҷамшед Яқубов ба уҳда дошта, хоҷагиро соли 2008 таъсис додааст. Хоҷагии зикршуда дар Ҷамоати деҳоти Калинин ҷойгир аст, ки ба гуфти масъулинаш онҳо дар ихтиёри худ 9 ҳавзи моҳӣ доранд, ки масоҳати умумии он 19 гектарро ташкил медиҳад. -Дар хоҷагии мо 10 нафар коргарон фаъолият карда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро то ҷое таъмин намуда истодаанд. Дар хоҷагӣ зиёда аз сӣ ҳазор дона моҳичаҳоро аз вилояти Суғд ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оварда парвариш намуда истодаем. Мо дар як сол як маротиба: моҳи декабр моҳиҳои парваришнамударо ба фурӯш мебарорем, - қайд дошт яке аз моҳипарварони хоҷагӣ Фрайдин Яқубов. Ба иттилои Фрайдин моҳипарварони хоҷагии болозикр дар соли 2023 зиёда аз 10 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд. Имсол бошад, азм доранд, ки ин нишондиҳандаро боз ҳам афзунтар намоянд. Онҳо дар 19 гектар замин 9 ҳавзи моҳипарвариро ташкил намуда, айни ҳол намуди моҳиҳои «амури сафед», «сазан» ва «толсолоп»-ро парвариш намуда, ба бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон вилоят ва ба шаҳри Душанбе содирот менамоянд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки тибқи он, бояд дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба рушди ин соҳаҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардад. Тараққӣ додани соҳаи моҳипарварӣ ба нафъи халқ буда, яке аз манфиатҳои ҳамаҷонибаи ҳаёти инсонҳост.
Ибодуллоҳ Одиназода