ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ НАВРӮЗ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №1
20 марти соли равон дар Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо ҷалби омӯзгорон ва хонандагон, Наврӯзи байналмилалӣ бо тантана ва шодмонии зиёд таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо суханронии директори гимназия Фирӯз Абдуллоев оғоз ёфт.
Ӯ ва дигар омӯзгорон ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ шодбош гуфтанд. Барномаи ҷашнӣ бо намоиши Ҳафтсину Ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, бозиҳои наврӯзӣ, қироати шеърҳо, сурудҳо ва рақсҳои миллӣ бо иштироки хонандагон баргузор шуд.
Ба бахши ҷашн, ки гулдухтарон бо рақсҳои хоса онро зиннат доданд, шукӯҳи хоса бахшида шуд. Чорабинӣ дар муҳити гарм ва дӯстона, бо нишони эҳтироми анъанаҳои фарҳангии миллати тоҷик баргузор гардид.