ЗАҲМАТКАШОН БО АЗМИ ҚАВӢ БАРОИ ИҶРОИ НАҚШАИ КИШТИ ПАХТА САЪЙ ДОРАНД
ЗАҲМАТКАШОН БО АЗМИ ҚАВӢ БАРОИ ИҶРОИ НАҚШАИ КИШТИ ПАХТА САЪЙ ДОРАНД
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавсими кишти пахта бо маром ҷараён дошта, кишоварзон бо истифода аз техникаҳои муосир ва тухмиҳои серҳосил барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти имсола саъй мекунанд. Тибқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Абдусатторзода Алимаҳмад, соли ҷорӣ барои кишти пахта дар ноҳия 9935 гектар замин пешбинӣ шудааст.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 1450 гектар кишти пахта ва 110 гектар кишти пахтаи зери плёнка анҷом дода шудааст. Барои таъмини ҳосили фаровон ва баланд бардоштани самаранокии кишоварзӣ, хоҷагидорон имсол аз техникаҳои муосир, усулҳои нави кишт ва тухмиҳои серҳосил истифода мебаранд. Дар баробари ин, ба муносибати дурусти агротехникӣ, аз ҷумла омодасозии дурусти хок, истифодаи нуриҳои минералӣ ва обёрии самаранок таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Ба гуфтаи масъулин, кишти пахта на танҳо барои таъмини соҳаи саноати нассоҷӣ бо ашёи хом муҳим аст, балки ба болоравии сатҳи даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ мусоидат мекунад. Бо мақсади дастгирии кишоварзон ва рушди соҳаи пахтакорӣ, мақомоти дахлдор дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва ширкатҳои истеҳсолии тухмӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.