НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ: ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ҲАМ ҚАВИТАР ШУД
апрель 15 2025

РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ: ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ҲАМ ҚАВИТАР ШУД

  РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ: ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ҲАМ                                                               ҚАВИТАР ШУД.

      31 марти соли 2025, як рӯйдоди таърихӣ барои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон сурат  гирифт – имзои Шартнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд роҷеъ ба дӯстии ҷовидона. Ин як   қадами  муҳим  дар  таҳкими  эътимоди  ҳамдигарӣ,  ҳамсоягии нек ва   ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Бо  ин санадҳо масъалаи  расмии  хатти сарҳадҳо   ниҳоӣ   гардида,   асоси боэътимоди   сулҳу   амният ва рушди устувор   дар минтақа гузошта шуд. Ин дастовард  натиҷаи талошҳои пайвастаи   сарони  се  давлат – муҳтарам    Эмомалӣ  Раҳмон,  муҳтарам  Садир  Жапаров   ва  муҳтарам  Шавкат Мирзиёев  мебошад,  ки  бо  ҳадафи  сулҳу  суботи  пойдор  ва  ояндаи  дурахшони   халқҳоямон   кӯшиш менамоянд. Эъломияи Хуҷанд рамзи равшани дӯстии миёни мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон буда, заминаи устуворе барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мегузорад. Ин санадҳо на танҳо барои давлатҳои мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти бузург доранд, зеро онҳо роҳи ҳамкориву пешрафтро боз ҳам ҳамвор месозанд. Дӯстии халқҳои се кишвар решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар тӯли асрҳо рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамраъйӣ будааст. Имзои ин санадҳо шаҳодати он аст, ки иродаи мардумони мо барои зиндагии осоишта ва рушду шукуфоӣ   устувор  боқӣ  мемонад.  Бигзор ин ҳамкории бародарона сол ба сол қавитар гардад ва барои наслҳои оянда сулҳ, амният ва шукуфоӣ оварад. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми бузург самимона истиқбол мекунам ва ба роҳбарони се кишвар барои саҳми арзандаашон дар таҳкими дӯстӣ ва суботи минтақа изҳори сипос менамоям.

Эзоҳ:

  1. Neal (Гости)

    30 май 2025 07:44 0 Эзоҳ-

    Wonderful write ups, Thanks! casino en ligne Wonderful data Thank you. casino en ligne Thanks a lot. I like this! meilleur casino en ligne You have made your stand pretty effectively!! casino en ligne You actually explained this superbly. meilleur casino en ligne Wow a good deal of great data. casino en ligne France Incredible all kinds of wonderful facts! casino en ligne fiable You actually explained this perfectly. casino en ligne You stated that well! casino en ligne Reliable info Thank you. casino en ligne France

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 15 апрель 2025 08:00
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 66
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 1

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 сентябрь 2022
Асосӣ
«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМ Ӣ - АМАЛ Ӣ ДОИР ГАРДИД! Рӯзи 11 ноябри соли равон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031