БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РӮЗМАРА ДАР МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
30 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрии муҳим ва судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло - раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Собирзода Искандар Миралӣ - прокурори ноҳия, Нурализода Суҳроб - сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Нахуст, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло суханронӣ намуда, доир ба ҷобаҷогузории кадрҳо, принсипҳои интихоби шахсони соҳибмаърифат ва масъулиятшинос ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин зарурати баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳо изҳори андеша кард. Сипас, прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ дар мавзӯи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», ки санаи 15 апрели соли 2025 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, суханронӣ кард.
Собирзода Искандар қайд намуд, ки ин тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ҳадафи асосии мубориза бо истифодаи ғайриқонунии неруи барқро доранд. Мутобиқи тағйирот, шахсоне, ки бо роҳи худсарона ба шабакаи барқӣ пайваст шуда, неруи барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, аз 27 000 то 90 000 сомонӣ ҷарима шуда, ё ба муҳлати аз 3 то 10 сол маҳрум аз озодӣ мегарданд.
Ҳамчунин, прокурори ноҳия оид ба мушкилоти сохтмонҳои худсарона, бахусус сохтмонҳое, ки бе иҷозат ва дар мавзеъҳои мамнӯъ, аз ҷумла канори роҳҳо бунёд шудаанд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки нисбат ба чунин ҳолатҳо чораҳои қатъии пешгирикунанда андешида мешаванд. Дар идомаи вохӯрӣ сардори ШВКД дар ноҳия Нурализода Суҳроб баромад намуда, масъалаи мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мамнуъ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан миёни ноболиғонро дар меҳвари суханрониаш қарор дод.
Гуфта шуд, ки танҳо бо саъю кӯшиши муштараки ҷомеа ва ҳамоҳангии мақомоти дахлдор метавон аз чунин зуҳуроти номатлуб ҷилавгирӣ кард. Масъалаи истифодаи самараноки замин, риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус кишти пахта ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз мавзӯъҳои муҳими баррасишуда дар вохӯрӣ буданд. Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд босамар истифода шавад, аз ҷумла бо гирифтани то се-чор ҳосил дар як сол. Дар анҷоми ҳамоиш масъулин изҳор доштанд, ки татбиқи бефосилаи қонун, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа ва саҳмгузории ҳар фарди бедордил барои рушди босуботи ноҳия ва таъмини суботу амният муҳим мебошад.