ДИАБЕТИ ҚАНД - ХАТАРҲО ВА УСУЛҲОИ МУҲОФИЗАТ АЗ ОН
Бемории қанд (диабет) яке аз бемориҳои музмин мебошад, ки бо зиёд шудани сатҳи қанди хун дар натиҷаи норасоии истеҳсоли инсулин - гормони ғадуди зери меъда, ба вуҷуд меояд. Инсулин дар ҷисм нақши муҳиме дорад, он барои табдил додани глюкоза (қанди хун) ба энергия кумак мекунад. Меъёри муқаррарии қанди хун аз 3,5 то 5,5 ммол/л мебошад. Агар ин нишондиҳанда аз 5,5 то 6,5 ммол/л бошад, онро ҳолати пеш аз диабет (пешдиабет) меноманд.
Баландтар аз 6,6 ммол/л бошад, ташхиси диабети қанд дода мешавад. Сабабҳои асосии пайдоиши диабети қанд: 1.Вазни зиёдатӣ (фарбеҳӣ). 2. Камҳаракатӣ ва тарзи ҳаёти ғайрисолим. 3. Фишори рӯҳии доимӣ ва стресс. 4. Истеъмоли аз меъёр зиёди ғизо. 5. Асабонияти шадид ва изтироб. Нишонаҳои маъмул:
Эҳсоси доимии ташнагӣ ва нӯшидани оби зиёд, пешобравии зуд-зуд, гуруснагии беназорат, хастагии мушакҳо ва беқувватӣ, коҳиши вазн бесабаб, хориши пӯст, варам дар пойҳо ва зери чашмҳо, сустии умумии бадан ва бемадорӣ, тағйирот дар пӯст ва нохунҳо. Навъҳои диабети қанд: 1. Намуди якум (инсулинӣ): Ғадуди зери меъда пурра ё қисман аз истеҳсоли инсулин боз мемонад.
Ин навъи диабет бештар дар кӯдакон ва ҷавонон (то 35–40 солагӣ) дида мешавад ва барои идора кардани он истифодаи инсулин ҳатмист. 2. Намуди дуюм (ғайриинсулинӣ): Ғадуди зери меъда инсулинро ба миқдори нокифоя истеҳсол мекунад. Ин навъ бештар дар одамони синнашон боло рух медиҳад. Мумкин аст доруҳои пасткунандаи қанд ё худ гузаронидани инсулин лозим шавад.
Оризаҳои эҳтимолӣ: Аз даст рафтани қувваи биноӣ (нобиноӣ), офат ба гурдаҳо ва рушди нефропатия, бемориҳои дилу рагҳо ва мағзи сар, муаммоҳои ҷиддӣ дар пойҳо: пайдоиши захмҳо, фасод ва ҳатто зарурати буридани узвҳо.
Пешгирӣ ва идоракунии диабети қанд: Назорати қатъии сатҳи қанди хун, риояи парҳез ва реҷаи дурусти хӯрокхӯрӣ, варзиш ва фаъолнокии ҷисмонӣ, парҳез аз ғизоҳои равғанин, машрубот ва тамоку, нигоҳ доштани вазни бадан дар сатҳи солим.
Муоинаҳои мунтазам дар назди духтурони мутахассис (эндокринолог, офталмолог, кардиолог ва нефролог). Илова бар ин, дар вақти табобат ҳаргиз набояд худсарона қабул ё қатъи доруҳо сурат гирад. Бо риояи тавсияҳои тиббӣ ва тарзи ҳаёти солим мумкин аст диабетро таҳти назорат нигоҳ дошт ва аз рушди оризаҳо ҷилавгирӣ кард. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ