80 СОЛИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ: ҚАҲРАМОНӢ, ШУҶОАТ ВА АРҶГУЗОРӢ
Соли 2025 инсоният 80-умин солгарди пирӯзии бузург бар фашизмро ҷашн мегирад. Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки аз солҳои 1939 то 1945 идома дошт, яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърих ба ҳисоб меравад. Дар ин набард зиёда аз 60 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд, миллионҳои дигар маъюб, бе хонаю дар ва бе аҳлу оила мондаанд. Аммо ин ҷанг на танҳо бо фоҷиа ва талафот, балки бо ҷасорату қаҳрамонӣ ва диловарии иттиҳоди халқҳои мухталифи ҷаҳон барои озодӣ ва адолат солҳои тулонӣ дар ёдҳо мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон як ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, беш аз 300 ҳазор ҷавонмарди худро ба ҷабҳа фиристод, ки аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор нафар барнагаштанд. Онҳое, ки дар сафи Артиши Сурх бар зидди фашизм ҷангиданд ва зиндаю саломат баргаштанд, бо ҷасорату фидокории худ таърихро навиштанд. Теъдоди зиёде бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфароз гардиданд ва беш аз 60 - нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор шуданд.
Дар баробари дигар ҷанговарони тоҷикистонӣ сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар ин ҷанг ҳиссаи босазо гузоштаанд. Ҷавонмардони ин ноҳия, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу ватан ба ҷанг рафта буданд, дар муҳорибаҳои Сталинград, Ленинград, Курск, озодкунии Киев, Минск, Варшава ва ҳатто Берлин ҷоннисорӣ кардаанд. Имрӯз аз миёни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ танҳо як нафар, Машраб Давлатов ҳаёт ба сар мебарад, ки дар синни 99- солагӣ қарор дорад. Ӯ на танҳо шоҳиди ин ҳодисаи таърихист, балки худ қаҳрамони ин набардҳо буда, ҷангро аз наздик дидаву эҳсос кардааст.
Дар дилу дидаҳояш ҳанӯз ҳам рӯҳияи ватандӯстиву ифтихор аз корнамоиҳои худ ва ҳамяроқонаш боқист. Ҳамасола дар арафаи 9-уми май – Рӯзи Ғалаба, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати ӯ меоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсан ба собиқадорон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кумакпулиҳои махсусро барои онҳо ҷудо менамоянд. Ин ғамхорӣ нишонаи эҳтироми давлатӣ нисбат ба онҳое мебошад, ки барои ҳаёти осоиштаи имрӯз ҷоннисорӣ кардаанд.
Ғалаба бар фашизм танҳо оғози роҳ буд. Баъди ҷанг Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, талафоти зиёд дода буд. Ҳазорҳо нафар дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштаанд, хоҷагиҳои халқӣ аз ҳам пошиданд, фабрикаҳо ва корхонаҳо аз кор монданд, лекин бо азму иродаи собиқадорон ва заҳмати мардуми ақибгоҳ ва аз ҷанг баргаштагон кишвар дубора обод гардид. Ҳамаи ин собит месозад, ки насли собиқадорон на танҳо дар ҷанг, балки дар давраи баъдиҷангӣ низ қаҳрамонӣ нишон додаанд. Маҳз бо талоши онҳо кишвари мо рушд ёфт, саноат пешрафт кард, соҳаи кишоварзӣ ба сатҳи баланд расид ва дар маҷмуъ, мардум зиндагии беҳтарро соҳиб шуданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳмати собиқадорон ҳамчун як мактаби бузурги ватандӯстӣ барои ҷавонон хизмат мекунад ва бояд он рӯзҳо аз ёди мардум дур нагарданд. Мо, насли имрӯз бояд сабақи таърихро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем.
Алҳол, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити сулҳу оромӣ, Истиқлолияти комил ва сиёсати хирадмандона рушд мекунад, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳифзи ин дастовардҳост. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтироми таърих ва қадршиносии собиқадорон бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монад. 80-солагии Ғалаба на танҳо як санаи таърихист, балки ёдраси хотираҳое ба инсонҳои комил мебошад, ки озодӣ осон ба даст наомадааст.
Ин ғалаба бо хуни миллионҳо нафар навишта шудааст ва ҳар фарде, ки имрӯз зиндагии осоишта дорад, бояд қаҳрамониҳои гузаштагонро бо ифтихор ёд кунад. Мо, ворисони ҳамаи қаҳрамонони ин ҷанги хонумонсӯз, вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, якдилию ваҳдат ва рушди Ватанро таъмин намоем. Қаҳрамониҳои Машраб Давлатов ва садҳо нафар ҳамсангарони ӯ барои ҳар яки мо сабақи зиндагист, то ки Ватанро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем, ҳимоя кунем ва барои шукуфоии он талош варзем. Ҳамеша бар лаб ин каломро такрор менамоем: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад». Алалхусус, қаҳрамониҳои Қаҳрамонони Ватан.