НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
май 13 2025

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 15:30 --- 1

                    ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Рӯзи панҷшанбе, 8 майи соли 2025, толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхии ноҳия мизбони як ҳамоиши бошукӯҳ гардид, ки ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда буд. Дар ин ҷамъомади тантанавӣ роҳбарияти ноҳия, аз ҷумла раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, кормандони муассисаву ташкилотҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони фаъол ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия оғоз ёфт.

 Холиқзода Рустам Ҳикматулло бо эҳтирому қадрдонӣ аз саҳми бузурги иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки насли шуҷои мардуми тоҷик дар он замони вазнин барои ҳимояи Ватан ва ҳифзи шарафи миллӣ ба муқовимати беамон бархостанд ва осоишу суботи имрӯз низ самари ҷоннисории онҳо мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки насли ҷангдида ва бобокалонҳои мо дар шароити бисёр душвор рӯ ба рӯи душман истодагарӣ намуда, намунаи олии ватандӯстӣ ва далериро нишон доданд. Мо вазифадорем, ки ин корнамоиҳоро пос дорем ва ба насли наврас ҳамчун сабақи таърихӣ бирасонем,- таъкид дошт раиси ноҳия. Қайд гардид, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба собиқадорони ҷанг бо мукофотҳои пулӣ тақдим мегардад.

 Вобаста ба ин, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба аёдати иштирокчии ҷанг Машраб Давлатов рафта, кумакпулиро ба ӯ супориданд. Чорабинии идона бо барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги ноҳия омода гардида буд, идома ёфт.

Дар он шеъру сурудҳои ватандӯстона, саҳнаҳои театрикунонидашудаи ҷанговарӣ ва саҳнаҳои ҳунарӣ, ки фидокориҳои мардуми шуҷои замони ҷангро инъикос мекарданд, рӯи саҳна омада, ҳозиринро ба ваҷд оварданд. Таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ бори дигар хотиррасон кард, ки сулҳу оромӣ ва истиқлолу якпорчагии Ватан арзишҳое ҳастанд, ки бо нархи гарон ба даст омадаанд ва ҳифзу нигаҳдории онҳо рисолати ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 13 май 2025 15:30
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 1
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031