КУМАКИ МЕТОДИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ БА КИТОБДОРОНИ НОҲИЯ
Дар доираи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун "Соли фарҳанги китобхонӣ", рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳиме баргузор гардид. Ин вохӯрӣ бо ташаббуси роҳбарияти Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо ҳадафи расонидани кумаки методӣ ба кормандони китобхонаҳои маҳаллӣ ташкил гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ директори Китобхонаи марказии ноҳия Салимзода Наргис, масъулини китобхона ва роҳбарони филиалҳои он дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ин мулоқот баланд бардоштани савияи дониши методии китобдорони маҳаллӣ, тақвияти фаъолияти тарғиботӣ дар самти ҷалби хонандагон ва татбиқи нақшаҳои амалигардонии "Соли фарҳанги китобхонӣ" буд.
Масъулини Китобхонаи оммавии вилоят таҷрибаҳои муваффақи фаъолияти китобхонаҳоро муаррифӣ намуда, роҳҳои таъсирбахши рушди китобдорӣ, навсозии хизматрасониҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар ҷалби хонандагонро тавсия доданд. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини китобхонаҳо бо адабиёти тоза, роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани муҳити мутолиаи фоиданок баррасӣ гардиданд.
Масъулини китобхона дар суханронии хеш аз дастгирии роҳбарияти вилоят ва ҳамкории пурсамари китобхонаҳо изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки чунин чорабиниҳои методӣ барои тақвияти кори ҳаррӯзаи китобдорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати хонандагон нақши муҳим доранд. Чорабинӣ бо муҳокимаву саволу ҷавоб ва табодули афкор дар руҳияи озод ва созанда анҷом ёфт.