ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ!
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Ҳамасола 5-уми октябр дар мамлакат "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи фархунда дар толори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло ва омӯзгорону хонандагон Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Забон-ҳастии миллат" баргузор гардид. Дар оғоз директори муассисаи болозикр Зебунисо Қосимова меҳмононро хайру мақдам намуда, қайд кард, ки таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки дар ҳама давру замонҳо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби шахсиятҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангӣ паёмадҳои нек ба бор оварда, ба тавассути ин амал кору пайкор ва номи эшон дар саҳфаҳои таърих бо хатти тилло сабт мегардад. Дар навбати худ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва мудири шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хосатан бояд қайд намоем. Сипас хонандагон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ба ифтихори зодрӯзи Пешвои муаззами миллат шеърҳои ватандӯстона қироат намуда, хотири ҳозиринро болида гардониданд. Эй фахри замон, дароз бодо умрат, Шедиву чу он дароз бодо умрат. Чун Рӯзи забону зодрӯзи ту якест, Чун умри забон дароз бодо умрат.
Зебунисо ҚОСИМОВА, директори МТМУ № 33-и ноҳия