ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - НАҚШАИ РОҲИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Таърихи 28 декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи худро ироа намуданд.
Ин Паём, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дарбар мегирад, ҳар сол бо таваҷҷуҳи хос аз ҷониби сокинони кишвар бо хушҳолиҳо истиқбол мегардад. Ин шадодат аз он медиҳад, ки мардум Паёмро натанҳо як санади расмӣ, балки ҳамчун роҳнамо ва барномаи амалӣ барои рушди минбаъдаи кишвар қабул мекунанд.
Тавре ки Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми хеш дар соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз амалӣ шуда истодани сеюмин барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 дар мамлакат таъкид доштанд, ки дигар аз масъалаи муҳиме, ки дар низоми ҳуқуқии кишварамон нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад.
Дар масири амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифта ҳамаи мо, кормандони ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахшу зертобеъҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро мебояд, ки бо дасти поку амри дил ва садоқат ба халқу Ватан дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаамон, ҳисси масъулиятшиносӣ зоҳир намоем.
Имсол Паём дар марҳилае ироа гардид, ки Тоҷикистон марҳилаи муҳимми бунёди давлати миллӣ ва соҳибистиқлолро тай намуда, вориди рӯйдодҳои нави рушду инкишофи устувор гардидааст. Дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шаванд, ки ин иқдом бозгӯйи афзалияти рушди технологияи муосир дар ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба масоили муҳими ҳаёти кишвар, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзїэӣ, нақлиёт, сармоягузорӣ, маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва масъалаҳои амнияту сиёсати хориҷӣ равшанӣ андохт. Дар баро бари ин, таваҷҷуҳи вижа ба соҳаи маориф, ки пояи асосии тараққиёти ҳар давлат аст, боз ҳам афзуд.
Роҳбари давлати кишвар ба хотири беҳбуди шароити иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони буҷетӣ дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши онҳо боло бурда шавад, омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 30% инчунин, дигар кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, варзишу ҳифзи иҷтимоӣ ва муассисаҳои давлатӣ 20% зиёд мегардад. Ин ҳама далели он аст, ки роҳбаряти кишвар рушди инсонро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст. Ҷавонон низ дар меҳвари Паём қарор доштанд. Президенти кишвар онҳоро неруи созанда ва идомадиҳандаи роҳи насли пешин номиданд. Ҷавононро ба омӯзиши донишҳои нав, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими нуфӯзи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳидоят намуданд.
Занону духтарон низ дар Паём мавқеи хос доштанд. Пешвои миллат нақши онҳоро дар рушди ҷомеаи муосир, тарбияи насли солим, таҳкими сулҳ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баланд арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаи муқовимат бо бегонапарастӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳамчун яке аз масъулиятҳои онҳо таъкид гардид. Паём мардумро ба ваҳдату якпорчагӣ, садоқат ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти кишвар даъват мекунад.
Омӯзгорону аҳли илму фарҳанг вазифадоранд, ки дар руҳияи ватандӯстӣ насли наврасро тарбия намоянд ва донишҳои замонавиро ба онҳо омӯзонанд. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як бори дигр шахсияти инсондӯсту халқпарвари Пешвои миллатро намоён сохт. Банда, ҳамчун як шаҳрванди кишвар, ифтихор дорам, ки чунин роҳбари дурандеш ва сиёсатмадори муваффақ дорем.
Ҳамаи моро зарур аст, ки бо иттифоқу ягонагӣ барои ободии Ватан ва фардои дурахшони Тоҷикистон меҳнат кунем. Тоҷикистонро дар пайравии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар арсаи баланд муаррифӣ намоем. Акрамзода Муҳаммад Саид, котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ