ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР НОҲИЯ ОИД БА ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Санаи 21 июли соли 2025 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, тарғиби риояи қоидаҳои одоби шаҳрнишинӣ ва таъмини покизагии муҳити зисту манзили зист мебошад.
Дар рафти мулоқоту суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин ба аҳаммияти нигоҳдории тозагии кӯчаву маҳаллаҳо, муносибати эҳтиёткорона бо табиат, инчунин нақши ҷавонон дар рушди фарҳанги зисти муосир таъкид намуданд. Қайд гардид, ки риояи одоби шаҳрнишинӣ ва пок нигоҳ доштани муҳит на танҳо масъулияти сохторҳои давлатӣ, балки вазифаи ҳар як сокини ноҳия аст. Иштирокчиён зимни суҳбатҳо пешниҳодҳо ва андешаҳои худро ҷиҳати беҳтар кардани вазъи муҳити зист баён карданд.
Чунин тадбирҳо минбаъд низ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дода мешаванд ва мақсад аз он ташаккули тафаккури масъулиятнок миёни ҷомеа, бахусус насли ҷавон мебошад.