СЕМИНАРЕ, КИ МЕТАВОНАД ҶОНИ ШУМОРО ДАР МУҲОҶИРАТ НАҶОТ ДИҲАД
Сани 22 июли соли 2025 дар Қасри фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони мақомоти марбута, созмонҳои байналмилалӣ ва аҳолии маҳаллӣ семинари фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Муҳоҷирати бехатар ва қаллобии онлайнӣ” баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Барномаи муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025” ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузории навини Федератсияи Россия ва роҳҳои пешгирии қаллобии интернетӣ дар ҷараёни ҷустуҷӯи кор сурат гирифт. Дар семинар ҳайати кории мутахассисон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Аз ҷумла, Давлатов Саймуҳаммад, Ҳикматов Даврон, мудири муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Давлатов Саймурод, директори Маркази омодагии пеш аз сафар ба хориҷ Аббоси Баҳриддин, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Насриддинзода Аҳтам, раиси Ҷамоати шаҳраки Гулистон Сафаров Абдуқосим, раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Раҳмонзода Имомиддин, инчунин раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Нахуст, намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират вобаста ба мавзӯи “Муҳоҷирати бехатар” суханронӣ намуда, маълумоти муфассалро дар бораи талаботи қонунгузорӣ ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод кард. Сипас, Даврон Ҳикматов - корманди Созмони байналмилалии муҳоҷират ба масъалаи афзун шудани ҳолатҳои қаллобӣ тавассути интернет таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба шеваҳои фиреби шаҳрвандон тавассути платформаҳои ҷустуҷӯи кор, сомонаҳои қалбакӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти муфассал дод.
Намояндагони ниҳодҳои масъул ба иштирокчиён оид ба имкониятҳои омӯзиши касбҳои серталаб дар бозори меҳнат, аз ҷумла барқчигӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳо, тавассути Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, ба муҳоҷирон тавсия дода шуд, ки барои беҳтар кардани сатҳи забондонӣ дар курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ иштирок намоянд. Баргузории ин чорабинӣ дар асоси мактуби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2025 роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо доир ба муҳоҷирати қонунии меҳнатӣ ва ҳифзи онҳо аз хатарҳои қаллобии интернетӣ арзёбӣ гардид. Ташкили чунин семинарҳои иттилоотиву омӯзишӣ ба таъмини амнияти шаҳрвандон дар равандҳои муҳоҷират, коҳиши хавфи қурбони қаллобӣ гардидани муҳоҷирон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад.