НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ФИДОЁНИ ВАТАН ТАЛОШ МЕКУНАНД, ХОИНОНИ МИЛЛАТ МЕШИКАНАНД
июль 31 2025

ФИДОЁНИ ВАТАН ТАЛОШ МЕКУНАНД, ХОИНОНИ МИЛЛАТ МЕШИКАНАНД

                                      ФИДОЁНИ ВАТАН ТАЛОШ МЕКУНАНД, ХОИНОНИ МИЛЛАТ МЕШИКАНАНД

         «Ҷавонон   бояд  аз  ҳама  табақаҳои  ҷомеа  фаъолтар  бошанд, пешниҳодҳои   созандаро  пешкаш  намоянд,  рамзҳои  давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо неруи созанда иштирок намоянд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро муҳофизат намуда, худро аз ҳар гуна хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин кишвари муқаддас бошанд».

Эмомалӣ РАҲМОН Дар замони муосир, ки кишвар ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ қадам мегузорад, баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ карда шудааст, мекӯшанд, бо ҳар роҳу васила ҷавонони тоҷикро гумроҳ созанд. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мансабхоҳони бадасл мехоҳанд ба мағзшуӣ ва ташвиқи ҷавонон ба амалҳои зиддиқонунӣ ва бетартибиҳои ҷамъиятӣ, аз қабили тазоҳуротҳои бемаънӣ онҳоро даъват намоянд.

 Бо вуҷуди чунин таблиғотҳо хушбахтона, имрӯз ҷавонони тоҷик дорои зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва донишҳои муосир мебошанд ва ба чунин фитнаву найрангҳо дода намешаванд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳамин гурӯҳҳои ифротгаро буданд, ки дар солҳои аввали даҳсолаи навадум ба миллати тоҷик рӯзҳои талху фоҷиаборро оварда буданд. Он хоиноне, ки худро хизматгори дин нишон дода, мехостанд бо истифода аз номи поки Ислом ба ҳадафҳои шахсӣ ва манфиатҳои хориҷӣ расанд, имрӯз чеҳраи аслии худро комилан ошкор кардаанд.

Вақте ки онҳо натавонистанд ба мақсадҳои разилонаи худ бирасанд, акнун кӯшиш мекунанд, ки зери ниқоби «дифоъ аз ҳуқуқи инсон» ва «демократия» фаъолияти тахрибкоронаи худро идома диҳанд. Имрӯзҳо, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои оромиву субот таҳсил ва фаъолият мекунанд, вазифадоранд, ба ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва душманони миллат роҳ надиҳанд ва нагузоранд, то боз кишвар ба бесуботӣ кашида шавад. Сол то сол на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ огоҳ аст, ки барои чунин гурӯҳҳо на арзишҳои динӣ ва на принсипҳои демократӣ ягон аҳамият надоранд.

Онҳо танҳо манфиатҳои шахсии худро пайгирӣ мекунанд ва кӯшиш доранд тавассути фиреб ва таблиғоти бардурӯғ ҷавононро ба доми худ кашанд. Роҳбари ин ташкилоти мамнуъ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бо ташкили нишастҳо ва пахши изҳоротҳои беасос дар хориҷи кишвар мехоҳанд ҷавононро гумроҳ созанд ва ба хоҷагони хориҷии худ собит намоянд, ки гӯё фаъолияти онҳо идома дорад. Аммо ҳақиқат он аст, ки онҳо дар роҳи нодуруст қарор доранд ва оқибати кори онҳо танҳо шармандагӣ ва нокомӣ аст. Тавре ки дар урфият мегӯянд: «Офтобро бо доман пӯшида намешавад». Имрӯз амалҳои ҷинояткоронаи ташкилоти экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ барои ҳама ошкор гаштааст ва дигар ниёз ба тавзеҳи зиёд надорад.

Мо бояд қадри Истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллиро дониста, манфиатҳои милливу давлатиро аз ҳама боло гузорем. Барои ҳар як ҷавони тоҷик зарур аст, ки бо дарки баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар роҳи ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷавонони бедордили мо ин ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагӣ қарор дода, барои ободиву пешрафти Ватан камари ҳиммат мебанданд ва бо амалҳои созандаи худ душманони миллат ва хоинону ғаразмандонро шармсор мегардонанд.

Фидоёни Ватан ҳамеша талош бар ободӣ доранд ва аҳдашон сулҳу субот аст. Хоинони миллат бошанд, хилофи он амал карда, аҳду паймон мешикананд ва номи худу Тоҷикистонро доғдор месозанд. Исматзода Кароматулло Исмат, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 31 июль 2025 13:24
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 14
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031