ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА МАРДУМӢ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби созанда, ҳизби мардумӣ ва ояндасоз буда, ҳадафҳои барномавии ҳизбӣ баҳри некӯаҳволии мардуми шарафманди кишвар равона карда шудааст. Тайи 30 - соли сипаришуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барномаҳои созандаи худ дар дилу дидаи мардум ҷо шуда, марҳила ба марҳила ҳадафҳои стратегияи миллии кишварро амалӣ намояд. Мақсаду мароми ҳизб, мақсаду мароми мардум буда, ҳадафи асосии он расидан ба зиндагии шоистаи мардум мебошад. Ва имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбӣ созанда ва ташаббускор аъзо ва ҷонибдоронро зери сиёсати созанда муттаҳид намуда, ба роҳи ватандӯстӣ ва ватансозӣ ҳидоят менамояд. Таърихи 17 июли соли 2025 бо ифтихормандӣ дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо иштироки Раиси муаззаму маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иштирок намудам. Пешвои муаззами миллат бо суханони пандомез, бо дастуру ҳидоятҳои ватандӯстона аҳли ҷомеаро ба созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон даъват намуданд. Мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар то масъалаҳои тарбияи ҷавонон ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, сазовор истиқбол гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба тарбияи дурусти насли ояндасоз, донишомӯзӣ, забономӯзӣ, иштироки бештари ҷавонон ва наврасон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ диққати аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки насли ояндасозро бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, созандагӣ ва ташаббускорӣ таълиму тарбия намоем. «Фарзандони мо бояд бо фарҳанги миллӣ, забони модарӣ ва таърихи халқи хеш ифтихор дошта бошанд ва ҳамчун насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ба камол расанд», - иброз доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Роҳбари давлат зимни баромади худ оид ба пешгирии хурофотпарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як сокини кишвар бояд зираку ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди хатарҳои замони муосир мубориза бурда, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузорем. “Дар куҷое, ки бошед, дар ҳама лаҳзаҳои вазнин, ҳеҷ гоҳ нисбат ба миллати худ, нисбат ба Ватани худ, давлати худ хиёнат накунед!”, - таъкид доштанд, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳақатан мо аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз суханҳои пандомезу хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ садо дод, руҳу илҳоми тоза гирифта, дарси ватандӯстӣ, ояндасозӣ, донишомӯзӣ, ватанпарвариро омӯхтем. Бояд гуфт, ки Мактаби давлатдории Пешвои миллат- мактаби бузурги ватансозист ва мо ҷавонони шарафманди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, суханҳои падаронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи барномаи ҲХДТ, дар корҳои созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон зери шиори ҲХДТ - “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” саҳми босазои худро мегузорем. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” дар ноҳия - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Исматзода Саидшоҳ