НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ҶАЛАСАИ НИМСОЛА: БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
август 01 2025

ҶАЛАСАИ НИМСОЛА: БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

               ҶАЛАСАИ НИМСОЛА: БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28 июли соли ҷорӣ ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 ва муайянсозии самтҳои фаъолият барои шашмоҳи дуюми соли 2025 баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонзода Лола иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Сулаймонзода Лола дар оғози ҷаласа ҳисоботи муфассале оид ба кору пайкори шашмоҳаи ҳизб пешниҳод намуд.

Намояндаи Кумитаи вилоятӣ Раҳимзода Меҳроҷ зимни баромади худ фаъолияти шашмоҳаи ҳизбро дар ноҳия қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҷалби бештари ҷавонон ва занон ба сафҳои ҲХДТ бояд аз вазифаҳои муҳими рӯз бошад. Ӯ изҳор намуд, ки муваффақияти сиёсати давлатӣ дар оянда ба нерӯи зеҳнӣ ва созандаи ҳамин қишри ҷомеа бастагӣ дорад. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло зимни суханронии худ баён дошт, ки соли 2025 бо баргузории интихоботи навбатии вакилон барои Тоҷикистон соли муҳим арзёбӣ мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки ташкил ва баргузории интихобот яке аз масъулиятҳои асосии ҳизб маҳсуб ёфта, дар ин самт бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омодагӣ бо сифати баланд ба роҳ монда шаванд.

Ҳар як аъзои ҳизб бояд намунаи ибрат дар ҷомеа бошад ва ба мардум бо рафтори нек ва ҳисси баланди масъулият хидмат кунад. Дар идомаи ҷаласа нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, ки бар пояи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст, тасдиқ гардид. Дар қисмати ниҳоии ҷаласа доир ба раванди маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар соли 2026 низ гузориш пешниҳод гардида, зикр шуд, ки ҳадафи ин иқдом таблиғи арзишҳои миллӣ, сиёсати созандаи ҲХДТ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 август 2025 08:04
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 14
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Асосӣ
ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 30

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031