ШИНОСОӢ БО РАВАНДИ ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
Санаи 7 августи соли 2025 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло бо мақсади огоҳӣ аз ҷараёни таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия боздид ба амал овард. Дар ҷараёни ин боздид, Шукурзода Шаҳло аз наздик вазъи кунунии таъмир, сатҳи иҷрои корҳои сохтмонӣ, сифати маводи истифодашаванда ва шароити фароҳамовардашуда барои кӯдаконро мавриди санҷиш қарор дод. Муовини раиси ноҳия таъкид дошт, ки бо дарназардошти аҳаммияти калидии муассисаҳои томактабӣ дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва таҳкими пояҳои маърифатӣ, бояд тамоми шароитҳои зарурӣ барои рушди солиму созандаи кӯдакон муҳайё карда шаванд.
Масъулини соҳа дар рафти мулоқот иттилоъ доданд, ки корҳои таъмирӣ тибқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дошта, саъй бар он аст, ки муассисаҳо то оғози соли таҳсили нав ба истифодаи комил омода гарданд. Гузашта аз ин, масъалаҳои марбут ба муҷаҳҳазсозии кӯдакистонҳо бо таҷҳизоти нав, муҳайё намудани майдончаҳои бозии кӯдакона ва беҳдошти шароити кории кормандон низ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор доранд.
Шукурзода Шаҳло изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, пайваста аз ҷараёни татбиқи онҳо назорати ҷиддӣ ба амал меоранд. Боздиди мазкур дар равшан сохтани мушкилоти мавҷуда ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар бахши таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуда, ҳамчун як иқдоми муҳим дар роҳу равиши рушди соҳаи иҷтимоии ноҳия арзёбӣ мегардад.