НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ - ҶАШНИ ВАҲДАТ ВА ИФТИХОР ДАР ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
август 11 2025

ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ - ҶАШНИ ВАҲДАТ ВА ИФТИХОР ДАР ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

                         ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ - ҶАШНИ ВАҲДАТ ВА ИФТИХОР ДАР ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Санаи 9 августи соли 2025 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайёми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Ҷамоати шаҳраки Балх ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа, сокинони маҳаллӣ, ҳунармандони бахши фарҳанг ва меҳмони вижаи барнома - сарояндаи маъруфи кишвар Акмали Тағаймуродзода ҳузур доштанд.

 Чорабинии "Шукӯҳи Иистиқлол" бо тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кадбонуҳои ҳунарманд оғоз ёфт. Меҳмонон бо асарҳои дастӣ, маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ ва таомҳои суннатии минтақа шинос гардиданд, ки рангорангӣ ва зебоии онҳо фазои идонаро боз ҳам гарму ҷаззобтар мекард. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарии маҳаллӣ, иҷрои рақсҳои анъанавӣ ва сурудҳои ватандӯстонаи сарояндагон идома ёфт.

 Баромади Акмали Тағаймуродзода, ки бо оҳангҳои пурмазмуну дилнишин ва иҷрои эҳсосбарангезаш тамошобинонро мафтун сохт, руҳу таровати тоза ба чорабинӣ бахшид. Чорабинӣ дар фазои самимӣ, бо эҳсоси баланди ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлол ва бо паёми ваҳдату ҳамбастагӣ анҷом ёфт. Ин ҷашн нишон дод, ки сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва кӯшишҳои пайваста барои рушди ҷомеа, дар роҳи ободию пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 11 август 2025 06:54
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 44
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Асосӣ
ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 30

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031