НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"
сентябрь 03 2025

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

                                           БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

       Рӯзи 2 сентябри соли 2025, дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси раёсати кишоварзии ноҳия, дар ҳамбастагӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва КДФ «Ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул» роҳандозӣ шуд. Дар чорабинии идона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони корхонаю ташкилотҳо, намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ, фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, бозтоби дастовардҳои кишоварзон ва тақвияти руҳи ватандӯстӣ миёни ҷомеа унвон мешавад. Барномаи фарҳангӣ бо суханрониҳои масъулон ва гузориши муфассал дар бораи пешрафту комёбиҳои соҳаи кишоварзӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз ёфт. Дар идома, саҳнаи боғ бо барномаҳои ҳунарии фароғатӣ шукуфо гардида, овозхони ширинсадо Шарифхони Қурбон бо сурудҳои пурмазмуну дилнишин ҳозиринро шод гардонид.

Чунин чорабиниҳо на танҳо як василаи истироҳату фароғати оммаанд, балки заминаи мустаҳкамсозии ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои созанда байни мардум, кишоварзон ва сохторҳои давлатӣ маҳсуб меёбанд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 03 сентябрь 2025 07:58
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 23
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930