МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Субҳи рӯзи 6 августи соли 2025 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём чорабинии оммавии варзишӣ баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи садҳо иштирокчиро ҷалб намуд. Ин машқи пагоҳирӯзӣ бо ҳузури кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони сохтору идораҳои ноҳия, намояндагони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, омӯзгорону шогирдони мактаби варзишӣ ва ҳамчунин дӯстдорони тарзи ҳаёти солим ва варзиш доир гардид. Ташкили чунин иқдом пеш аз ҳама бо ҳадафи ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ба варзиш равона шудааст.
Масъулон бар он таъкид намуданд, ки фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ на танҳо ба нигоҳдории саломатӣ мусоидат мекунад, балки руҳияи ҷамъиятиро тақвият дода, барои таҳкими фарҳанги солимгардонӣ дар ҷомеа замина мегузорад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки тарзи ҳаёти солим бояд ба як унсури ҷудонашавандаи зиндагии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватандӯст табдил ёбад. Чунин амалҳо на танҳо ҷисмро солим, балки тафаккури солим ва руҳи ягонаи ҷомеаро низ ташаккул медиҳанд.
Мақомоти маҳаллӣ баргузории мунтазами чунин машқҳои оммавиро як роҳи муассири тарғиби варзиш ва муттаҳид сохтани мардум арзёбӣ мекунанд. Ин тадбирҳо дар ноҳия идома хоҳанд ёфт ва ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ҷомеаи солим, фаъол ва дорои руҳияи ватандӯстона хизмат мекунанд.