НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШОМИ ПУРШУКӮҲИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР
сентябрь 11 2025

ШОМИ ПУРШУКӮҲИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР

                      ШОМИ ПУРШУКӮҲИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР

             Шоми 6 сентябри соли 2025 дар саҳни бинои Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардид. Ин маҳфили идона, ки дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, руҳияи идонаи мардумро боз ҳам болида сохт. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, раиси ноҳияи Дӯстӣ, раиси ноҳияи Қубодиён, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо, фаъолони маҳаллӣ ва сокинони ҷамоат ранги идона гирифт.

 Қайд гардид, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат буда, маҳз ба туфайли он имрӯз мардум соҳиби сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафт гардидаанд. Барномаи фарҳангиро сарояндагони маъруфи кишвар - Ёсамин Давлатова, Мино, Малика, Маҳмадалӣ Умар, Субҳони Умар ва Файзалӣ Умар бо сурудҳои ватандӯстона ва шодмонӣ рангину гуворо намуданд. Иштироки садҳо сокини маҳаллӣ ва фазои идонаи пур аз парчамҳои миллӣ, ороиши саҳна ва оҳангҳои дилнишин аз ин чорабинӣ як шаби хотирмон сохт. Барнома то дергоҳ идома ёфта, мардум бо руҳбаландӣ ва ифтихор аз Истиқлолият дар он саҳм гирифтанд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 11 сентябрь 2025 09:25
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 12
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
27 март 2024
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930