ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи футболи хурд бо усули «Деҳа ба деҳа», ки ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ин чорабинӣ бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тақвияти дӯстиву ҳамбастагӣ байни сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳандозӣ шуд.
Маросими ҷамъбасти мусобиқа бо ҳузури муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Исматзода Саидшоҳ доир гардид. Дар ин ҳамоиши варзишӣ натиҷаҳои мусобиқа эълон гардида, дастаҳои ғолиб муайян шуданд.
Гуфта шуд, ки баргузор намудани чунин мусобиқаҳо ба рушди футбол дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, то ҷавонон маҳорати варзишии худро нишон дода, дар муҳити дӯстона таҷрибаи бештар ба даст оранд. Дар анҷом, дастаҳои беҳтарин ва бозингарони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ҷоми раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.