ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 20 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаи тандурустии ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло, сартабиби беморхонаи марказӣ Холзода Азизулло, роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад, инчунин мудирони шуъбаҳо, сардухтурони беморхонаҳои деҳотӣ, роҳбарони марказҳои саломатии деҳотӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда иштирок намуданд. Ҷаласа бо пешниҳоди ҳисоботи муфассал оид ба вазъи умумии соҳаи тандурустӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оғоз ёфт.
Сартабиби беморхонаи марказӣ Холзода Азизулло дар баромади худ оид ба иҷрои қарорҳои роҳбарияти кишвар ва мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла Қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти №624 аз 5 майи соли 2021, Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 апрели соли 2021 таҳти №104 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи вируси норасоии масъуният барои солҳои 2021–2025” гузориш дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, 35 санад тартиб дода шуда, дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни кормандони соҳа ва аҳолӣ фаъолона ба роҳ монда шудаанд. Қурбонов Ниёзмаҳмад, роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ низ дар бораи фаъолияти Маркази саломатии ноҳия ва зерсохторҳои он гузориш дод.
Ӯ зикр кард, ки кормандони соҳа дар самти ташхиси барвақти бемориҳои сироятӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таҳкими корҳои хонагардӣ ва ташвиқотиву тарғиботӣ фаъолияти назаррас нишон додаанд. Дар идомаи ҷаласа муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло аз натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи ҳар як зерсохтори соҳаи тандурустӣ натиҷагирӣ намуда, барои беҳтар намудани интизоми меҳнат, риояи ҳатмии либоси махсуси тиббӣ ва татбиқи пурраи барномаҳои давлатӣ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Ӯ ҳамзамон масъулинро барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва назорати иҷрои нақшаҳои марбут ба солимии аҳолӣ ба масъулиятшиносӣ даъват намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ ҳамкории зичи ҳамаи сохторҳо, боло бурдани масъулияти касбӣ ва риояи меъёрҳои хизматрасонии тиббӣ зарур мебошанд.

Рускый
