http://balkhi.tj/
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РУКНЕ АЗ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
11-06-2020, 15:35 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РУКНЕ АЗ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

           Ҳар як инсон муқаддассоте дорад ва онро гиромӣ дошта аз он ҳимоят мекунад. Аз қабили Ватан, модар, забон ва амсоли ин. Масалан, вақте як нафар модари моро ва ё зану фарзанди моро дашном медиҳад, мо омодаем, ки ӯро ҷазо диҳем, зеро ӯ пардаи номуси моро медарад.

        Як туда қалтабони аз имону номусу виҷдон  дур имрӯз даҳону ҳалқи худро дарида фақат густохӣ мекунанд.. Суханҳои носазо мегӯянд, таҳқир мекунанд. Аммо таҳқирҳои онҳо на танҳо барои сарвари кишвар, балки барои кулли мардуми мо равона шудаанд, зеро мо Пешвои миллатро арҷ мегузорем, ба ӯ бовар дорем ва ӯро роҳнамою ҳомии худ меҳисобем.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукне аз муқаддассоти миллати мо ба шумор мераванд. Дар бораи фазилатҳои ӯ ин ҷо маҷоли сухан рондан нест. Танҳо бояд зикр кард, ки ӯ маҳбуби дили ҳамагон гаштааст. Ба дили мардум роҳ ёфтан ва сазовори боварӣ гаштан кори осон нест. Ҳар як сиёсатмадор орзу мекунад, ки боварии мардумро сазовор шавад, вале наметавонад. Тӯли сад соли охир ягона сиёсатмадоре, ки ба дили мардум роҳ ёфта, мақбули онҳо гаштааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

        Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва ҳастии мо-тоҷикон, мебошад. Ҳар як тоҷики баномус омодааст, ки барои ҳифзи номусу ваҳдати миллӣ худро дар радифи сарсупурдагони Ватан қарор диҳад. Мо наметавонем муқобили армонҳои миллат қарор гирем.

         Биёед аз рӯи воқеият баҳо диҳем. Тӯли сад соли охир дар Тоҷикистон роҳбарони зиёде фаъолият кардаанд, ки ҳар кадом дар рушду нумӯи кишвари мо саҳме доштаанд Аммо ҳеч як роҳбари дигар чун Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби дилҳо нагаштааст. Маҳбубияти Президенти моро бояд аз андешаву мулоҳизаҳои касоне мушаххас намоем, ки хоҳони амнияту ободии кишвари мо мебошанд. Биёед сайри кишвар кунем, бо пирону таҷрибадорон суҳбат намоем. Онҳо аз Пешвои миллати мо бо таъзиму такрим ёдоварӣ мекунанд. Масалан, модари солхурдаи ман дар ҳар як намозаш дар ҳаққи Пешвои миллат дуо мекунад, ӯро офтоби мамлакат мегӯяд. Дар чанд маъракаи дигар пирони рӯзгордида мегуфтанд, ки аз шунидани овози Ҷаноби олӣ мо хурсанд мешавем, садои ӯ ба дилҳои мо фараҳ мебахшад.

        Табиист, ки як нафар роҳбар дар кадом самте, ки набошад, барои ҳамагон хуб буда наметавонад. Он роҳбаре, ки барои ҳамагон мусбию мақбул аст, аслан роҳбари хуб нест. Ин ҷо ривояте дар бораи Мавлоно Ҷомӣ ба ёдам меояд. Назди Мавлоно нафаре омада гуфт, ки фалон одам дар ҳаққи шумо суханҳои хуб гуфт, ситоишҳои зиёде кард. Аз шунидани ин хабар Мавлонои Ҷомӣ андӯҳгин шуда зор-зор гирист. Вақте сабаб пурсиданд Мавлоно гуфт, ки он одам, ки шумо мегӯед, дар бадию палидӣ шуҳрат дорад. Ӯ дар вуҷуди ман чӣ чизи баде дидааст, ки ситоиши маро мекунад?

         Аз паҳлуи дигар назар кунем дар олам ҳеч падидае бе хости Худованд зуҳур намекунад ва онҳое ки худро наҳзатию ҳомии ислом мехонанд, бояд эътироф кунанд, ки бе хости Худованд ҳатто як барг аз дарахт намеафтад. Худованди таборак ва таъоло ба ҳар кас аз рӯи дилу нияташ чизе медиҳад. Пешвои миллат ҳам бо ризоияти Худованд ба сари қудрат омадааст. Аз ин рӯ ба қавли шоир:

        Пешвои миллат ифтихори мо-тоҷикон, мебошад. Ӯ на танҳо бо сурату симои зебои худ, балки бо донишу таҷрибаи сиёсии солҳои зиёд андӯхтааш тоҷикону тоҷикистониёнро барои оламиён муаррифӣ менамояд. Аз минбарҳои баланди олам бо забони тоҷикӣ сухан мегӯяд, ҳомии забону фарҳанг ва ҳастии миллати мо мебошад. Ва ҷои ҳеч муболиға нест, ки мисли ӯ сиёсатмадори бузурги дигаре дар тамоми Тоҷикистон нест ва дар ин даҳсолаву бистсолаҳои наздик ҳам пайдо намешавад. Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷики бонангу номус ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро пеши худ созад.

         Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад- гуфтаанд бузургон. Ин рӯзҳои бад ҳам мегузаранд. Базму тарабу хурсандиҳо дар пешанд. Имрӯз моро лозим аст, ки  ҳамаи қоидаҳои беҳдошт ва фосилагирии иҷтимоиро, ки мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, бечуну чаро иҷро кунем. Махсусан қишри осебпазири ҷомеа – калонсолон, одамони касалиҳои роҳи нафас, дил, қанд  ин талаботро қотеъона риоя кунанд, зеро маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ танҳо ба хотири саломати онҳо ҷорӣ карда шудааст. Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки фаъолияташон ба истеҳсол ва таъмини моддии мардум вобастааст, аз ҷумла кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ бо эҳтиёткории ҷиддӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошту фосилагирӣ фаъолияти худро давом медиҳанд, то ин ки ҷомеа аз роҳи рушди худ боз намонад. Аз ҷониби мо, аҳли зиё зарур аст, ки дар сангари пеш қарор дошта бошем ва ҳама дар якҷоягӣ – олимону адибон, ҷомеашиносону инсоншиносон, файласуфону ҳуқуқшиносон моҳияти тадбирҳои ҳукуматро, ки барои ғолиб баромадан ба ин офат ба кор андохта мешаванд, ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, барои афзудани қувваи муқовимати рӯҳии мардум ба ин беморӣ хидмат кунем. Мо дар ин чанд моҳе, ки инсоният бо ин вируси фарогир мубориза дорад, дидем, ки маҳз ҳамон кишварҳое, ки муттафиқона бо давлату ҳукуматашон якҷоя амал карданд, бо талафоти камтар аз он раҳо шуданд. Халқи шарифи тоҷик бо амри тақдир рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар карда, аз имтиҳонҳои сангини таърих ҳамроҳи давлату ҳукуматаш солиму сарбаланд бурун омада буд. Бинобар он, мо  бовари комил дорем, ки дар ин мубориза ҳам ақлу хирад, ҳамбастагиву ҳамрайъии мардуми шарифи тоҷик бо сиёсати давлату ҳукумат пирӯз хоҳад шуд ва мо бо талафоти камтар аз ин офат бурун хоҳем омад, зеро ҳамаи амалу нияти мо барои ҳифзи ҳаёт – ҳаёти инсон– гаронбаҳотарин арзиши ҳастӣ мебошад.



                                                     Боймурод ШАРИФЗОДА,
                                                   директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Рӯдакии АМИТ



скачать dle 12.1
Просмотров: 50  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.