Календар
«    Июль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
БИГЗОР ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЕША ПОЙДОРУ УСТУВОР ВА ҶОВИДОН БОШАД
26-06-2020, 07:25 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

МУҲТАРАМ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО БАХШИДА БА

РУЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


Ҳамватанони азиз,

Ҳозирини гиромӣ!

         Ваҳдату иттиҳод барои ҳар миллати худогоҳу хештаншинос  беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ низ вобастаи ин арзиши сарнавиштсоз аст.

Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҷашни барои миллати тоҷик муқаддасу ифтихорӣ самимона табрик намудабароятон сарбаландиву рузгори обод ва дар роҳи таҳкими ваҳдату ягонагӣ мувафақиятҳои беназир орзу менамоям

      Таъмини сулҳу субот ва пойдории салоҳи кишвар идомаи мантиқии сиёсати   Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 

       Яъне таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт.  Бар гардонидани гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон ба Ватан, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, ташкили қӯшуну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқустувории сарҳаду амнияти давлатбунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, таъмини истиқлолияти озуқаворию баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқӣдастгирии илму фарҳанги миллӣқабули қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсистки дар саргаҳи тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.   

         Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаю назари хирадмандона нигоҳ кунем, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи мӯҳташами сулҳи тоҷиконро бунёд намуда, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошт. Ба бахти миллати сарбаланди тоҷик   тамоми ҳадафҳои неку созандааш ба хотири рушди Тоҷикистони азиз зина ба зина амалӣ гардиданд. Икдомҳои ташаббускоронаи ватансозиаш тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карданд, ки ин бедорӣ моро ба шоҳроҳи ҷомеаи шаҳрвандӣҳидоят намуд. 

ҲОЗИРИНИ  ГИРОМӢ !

        Дар фазои ваҳдати миллии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бамаротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардиданд. Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, зиндагии мардум тадриҷан баланд гардид. Истифодаи самарноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда  ҳосил аз он имруз дар соҳаи кишоварзӣ пурра татбиқ карда мешавад, ки ин пешравиҳо самараи ваҳдат аст. 

         Мо имруз агар 10 соли зиндагии мардумро ба имрузи он қиёс кунем, фарқият хеле баланд аст. Бо таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат дар асоси барномаҳои давлатӣ соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ дар ҳоли рушд қарор доранд.  То соли 2021 дар ноҳия 175 бинову иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имруз 40%-и онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз ҳама муҳим сокинони ноҳия имруз марҳилаи ташаббускориро пеша намуда, ҳар кадом бо як иқдом дар рушди хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзанда гузошта истодааст. 

        Мо имруз аз он қаноатманд шуда метавонем, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии ноҳия дар ноҳия амалҳои созанда ба анҷом расида истодааст. Нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб таъмин шуда, шахрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда истодаанд. Ин ташаббус дар шароити феълӣ, ки бо сабаби буҳрони молиявии ҷаҳонӣ аксари корхонахои бузурги саноатӣ дар дигар кишварҳо муваққатан фаъолият надоранд, шоистаи таҳсин аст. 

   Ҳозирини арҷманд!

         Вазъи имрузаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияамон равона созем. Зеро дастоварди арзишманде, ки мову шуморо ба роҳи рушду пешрафт мебарад, пойдории ваҳдат аст!

         Дар вусъат додани корҳои созандагӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорону хоҷагидорон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва ҷавонони бағайрати ноҳия ҳамчун нерӯи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд.  Зеро ояндаи ҳар як миллат ба неруи созандаи қишри ташаббускор вобаста буда, иттиҳоди тамоми мардум шарти муҳими ободию камолоти мо аст.  

         Имруз вақте фаро расидааст, ки ҳар кадоми мо барои пешрафту шукуфоии диёри худ, хонаву маҳал ва кучаву хиёбонҳои ноҳия саҳм гузорем. Хишти нангу номуси ватандориро болои хишти худогоҳиву хештаншиносӣ зам намуда, девори устувори ғурури миллиро побарҷо намоем, бунёд кунем, обод кунем ва ба фарзандону наберагонамон шароити арзандаи зиндагиро таъмин намоем. 

Барои амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷибу созанда мо шароит ва имкониятҳои фаровон дорем. Мо пеш аз ҳама бояд аз он шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлатем ва дар ватани азизи мо  сулҳу осоиш ва ваҳдати комил пойдор аст. 

      Дар масири обод намудани ватан иродаи тамоми сокинони ноҳия устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ моро ба ваҳдат оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. 

  Аз ин ру, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои ватани азизамон, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум боз ҳам заҳмат кашем. Бо меҳнати ҳалол захираи маводи ғизоӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва корҳои бунёдкориро вусъати тоза бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорию давлатсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба мардум шароит муҳайё намоем. 

     Бо арзи эҳтироми  бепоён бори дигар  ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро бо 23-юмин солагрди ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони Шумо оромиву хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

      Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидон бошад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

скачать dle 12.1
Просмотров: 13  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.