http://balkhi.tj/
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
30-07-2020, 12:24 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

  ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   МУҲТАРАМ  УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО  БА МУНОСИБАТИ  ИДИ  ҚУРБОН


    Ҳамдиёрони азиз!


         Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон буда, воқеан барои маромҳои инсондустиву мурувват, худогоҳию худшиносӣ ва дастгириву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. 

         Ба ин муносибат Шумо ҳамватанони азизро  самимона табрику таҳният гуфта, дар хонадони ҳар яки шумо тинҷию амонӣ, хушбахтию саодатмандӣ ва пирузӣ дар кору зиндагиро  орзумандам.

         Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодат қаробат ҷустан ба Худованд мебошад, балки талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон,пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба ниёзмандону дармондагон аз зумраи беҳтарин фазилатҳои мусулмонист. Зеро фарҳангу маърифати исломӣ имкон дорад дар тарбияи ахлоқии ҷавонони мо хидмати бештаре намояд. Уламои дин ваашхоси бомаърифат метавонанд ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, дар замири онҳо инсондустию поксириштӣ, кирдори неку фазилатҳои наҷиби инсониро парвариш намоянд. 

         Дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама гуна садақоту хайр аз ҷониби  ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ва аҳолии маҳаллӣ  барои таъмини эҳтиёҷоти оилаҳои муҳтоҷ масраф мегардад, ки боиси қаноатмандӣ аст. Аз ин ру эътимодам комил аст аст, ки дар рузҳои хеле душвори хатари паҳншавии бемории сирояти короновирус (covid-19) дар Иди мубораки Қурбон низ барои мардуми муҳтоҷ, ятимон  ва ашхоси яккаву танҳо бо дастгирии сокинони саховатпешаи  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  корҳои хайру савоб анҷом хоҳанд ёфт.   

         Иди Қурбон ба 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.  Аз ин ру, мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ равона намуда, насли наврасро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем, омухтани илму фарҳангро та онҳо талқин созем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.   Бо боварии комил гуфта метавонам, ки роҳи пешгирифтаи мову шумо Тоҷикистони азизро ба суи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.  

         Бо ҳамин таманнои нек кулли мардуми ноҳия ва Шумо ҳамватанони азизро ба муносибати иди мубораки Қурбон табрик намуда, аз даргоҳи  Худованди бузург, пеш аз ҳама, тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ ва  барору комёбӣ орзу менамоям.  


         Иди  Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

скачать dle 12.1
Просмотров: 18  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.