http://balkhi.tj/
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
2-02-2020, 20:38 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Рўзҳои 17 майи  соли 2019 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе намояндагони беш аз 50 кишвари олам, коршиносону таҳлилгарони 37 созмони минтақавию байналмилалӣ роҳу шеваҳои муосири мубориза бо терроризм  ва манбаъҳоимаблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби имрўза буда, хатару таҳдиду онба амнияту суботи давлатҳо афзун гардидааст.

Дини мубини ислом мардумро ба сўи ахлоқи некў ва ҳамида роҳнамоӣ мекунад. Тибқи нишондоди он дили касеро хушнуд сохтан аз амалҳои волотарин дониста шудааст.

Айни замон дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва андешаҳои бардуруғро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.

Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ  дошта  ба ҷомеи ҷаҳонӣ таҳдид ва хавфу хатари зиёд доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баромади худ ба масъалаҳои экстремизм ва терроризм диққати ҷиддӣ дода, чунин таъкид намуданд:

«Имрўз ҳамаи шумо огоҳед, ки соли сипаришуда ва якчанд соли пешин пур аз таҳаввулоту рўйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буданд.

Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳмияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти Экстремизм ва терроризм ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини ислом».

Худои таъоло мефармояд:

«Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ў дўзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ў хашм гирифтааст ва ўро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ў омода сохтааст». (Сураи Нисо, ояти 93).

Дар ҳадиси қудсӣ меояд: «Эй бандагонам! Ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед» (Саҳеҳи Муслим, 8/16).

Аз оёти овардашуда бармеояд, ки Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст, талаву тороҷи моли мардум ҳаром аст, ғулом кардани зану фарзанди одамизод ҳаром аст.

Исломгароён ва террористон қоидаеро ихтироъ кардаанд, ки мусулмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд.     

Дар ҳоле ки ин мардум гўяндаи калимаи шаҳодат аст. 

Қобили таҳсин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ягона шахсест, ки дини Ислом ва мусулмононро аз терроризму экстремизм орӣ ва дифоъ намуда, ин масъаларо аз минбари Соз мони Милали Муттаҳид матраҳ намуданд. 

Аз баррасии масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар баромадҳои Президенти мамлакат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ ҳамагонро ба ташвиш оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишвари мо низ хатар дошта бошад.

Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як мусулмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремист, ки номи поки исломро олуда мекунад, бетараф набошад. 

Ҳамаи ин ба шарофати сулҳу суботи мавҷуда насиби мо гаштааст. Аз ин рў, мо бояд шукрона намуда, дар татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бандем, ҳама чун як тан дар ободонӣ ва пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Дар охир аз Офаридгори олам дуо менамоем, ки ба хотири амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои неки дар назди мо қарордошта, қабл аз ҳама, дастоварди асосиву бузургтарини мардуми Тоҷикистон – ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад, муҳаббату садоқати фарзандони ин миллати сарбаландро ба ояндаи ободу осудаи сарзамини аҷдодиамон афзун созад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.


Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии 

ноҳия  ба номи Имоми Аъзам   

Ҳикматулло Асоев

скачать dle 12.1
Просмотров: 139  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.