http://balkhi.tj/
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МУҲТАРАМ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
18-08-2020, 15:09 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТАБРИКОТИ  РАИСИ НОҲИЯИ   ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ 

МУҲТАРАМ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО БАХШИДА БА 

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ


   Муҳтарам кормандони соҳаи тиб

   ҳозирини арҷманд!

  

       Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ваафзалиятнок эълон шудани соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат рушди соҳаи тандурустӣ бамаротиб таъмин гардид. Ин пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъалаи солимии аҳолӣ сарчашма гирифта, аз татбиқи босамари Стратегия ва Барномаҳоисоҳаи тандурустӣ башорат медиҳад. 

        Мусаллам аст, ки имруз ҳадафи асосии роҳбарияти олии сиёсии кишвар бо роҳи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳоли, беҳтар гардонидани нишондиҳандаи дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи бемориҳо, маъюбӣ, фавти модару кудак, пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббию санитарӣ мебошад. 

        Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мақсади дастгирии сиёсати соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сол то сол беҳтар мешавад. Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба сохтмони инфрасохтори соҳа равона гардида, соли равон дар ҷамоати деҳоти Маданият бинои наву замонавии Бунгоҳи саломатии деҳотӣ ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави шуъбаи таваллудӣ оғоз гардид, ки сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтар мегардонад.

        Боиси зикр аст, ки фаъолияти аксари шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия беҳтар гардида, барои қабулу бистарикунонии беморон шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. 

        Нақш ва саҳми кормандони соҳаро бахусус дар давраи хуруҷи бемории сироятии короновирус (соvid-19) метавон қайд кард, ки бо аҷал дасту гиребон аз аввали авҷи пайдоиши беморӣ ҷони садҳо нафар сокинони ноҳияро аз марг наҷот доданд. 

        Хизмати кормандони шуъбаи сироятии  Беморхонаи марказӣ, табибони сироятшинос, кормандони Маркази тибби оила, Марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, ки ба воситаи ташкили гуруҳҳои махсус дар маҳалҳо корбарӣ намуда, хатари паҳншавии ин бемориро паст намуда истодаанд, хеле калон аст. 

        Дар ин самт ҳамзамон фаъолияти кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемологӣ низ дар муътадил нигоҳ доштани вазъи эпидемикии ноҳия, таъмини ҳолати санитарӣ назаррас аст. 

        Тавре, ки иттило доред, барои анҷом додани корҳои дизинфексионӣ дар ин давраи хеле мушкил шуъбаи дизинфексияи профилактикии ноҳия низ вобаста ба эътидол омадани вазъи муътадили санитарӣ фаъолияти босамар намуд. Ин корҳои пешгириро идома додан зарур аст, зеро то ҳануз хатари паҳншавии беморӣ пурра аз байн нарафтааст. Дар ин самт зарур аст, ки кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби раисони маҳаллаҳо ва қишри ташаббускор миёни аҳолӣ бобати истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ корбариро идома диҳанд. 

       Роҳбарияти ноҳия имруз аз рушди тибби хусуси дар ноҳия изҳои қаноатмандӣ менамояд.  

       Беморхонаи хусусии “Наҷот” бо шароитҳои мусоид ва таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, мушкили садҳо нафар маризонро осон гардонидааст. Агар солҳои пешин сокинони ноҳия барои табобати беморӣ ба маркази вилоят ё ҷумҳурӣ мерафтанд, имруз дар ин муассисаи табобати барои шифои комили корафтодагон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. 

        Қайд кардан бамаврид аст, ки Маркази дандонпизишкии ноҳия пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки хавфи бемориҳои сироятиро паст менамояд. Аз беҳтар гардидани шароити хуби кории ин Марказ  роҳбарияти дигар Марказҳои соҳаи тандурустӣ  бояд ибрат гирифта, шароити кории кормандонро беҳтар намоянд. 

     Ҳозирони гиромӣ!

        Дар баробари муваффақиятҳо дар соҳаи тандурустии ноҳия якчанд мушкилотҳое мавҷуданд, ки мо ҳануз барои бартараф кардани онҳо муваффақ нашудаем. 

        Имрӯз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар маҳал ба талабот пурра ҷавобгу нест. Вазъи имрӯзаи беморхонаҳои рақамӣ, ба таъмир эҳтиёҷ доштани онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навобод, Гулистон, Маданият ва Калинин аз роҳбарият ва масъулони соҳа бознигарии ҷиддиро тақозо менамояд. Ҳамин вазъият дар бунгоҳҳои тиббии ноҳия низ ҷой дошта, роҳбарияти соҳаро водор менамояд, ки бо ҷалби аҳолии маҳал, шахсони саховатпеша ва имкониятҳои дохилӣ шароити хизматрасонии тиббии инфрасохтори соҳаро беҳтар намояд. 

        Имрӯз дар ноҳия масъалаи норасоии кадрӣ, аз ҷумла равоншинос, нарколог, кудакона,тибби оилавӣ, ренгеншинос,силшинос, сироятшинос, эпидемолог ҷой дорад. Дар ин самт кормандони соҳа мебояд  ҳамкориро бо Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон беҳтар намуда, мутахассисони варзидаро ба кор ҷалб намоянд. 

        Маҳз ҳамин омилҳо буд, ки дар ноҳия соли равон 1 фавти модар ба қайд гирифта шуд. Сатҳи фавти аҳолӣ дар 7 моҳи соли равон ба 472 нафар расида 100 нафар нисбат ба соли гузашта зиёд гардид. Аз ҷумла зиёд ба қайд гирифта шудани фавти кудакони аз 0 то 18 сола 75 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар зиёд аст. 

       Таваллуди хонагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 адад кам бошад ҳам, ташвишовар мебошад. 

    Имрӯз масъалаи гирифтор шудани аҳолӣ ба бемориии сироятии хатарноки ВНМО ( вируси норасоии масъунияти одам) зиёд гардида истодааст. 

Дар 7 моҳи соли равон 6 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора (4 нафар мард ва 2 нафар зан) мебошанд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз аввали соли равон барои муайян кардани беморӣ танҳо аз 7260 нафар намунаи таҳлили хун гирифта шудааст, ки ин нокифоя аст.    

        Маркази мубориза бар зидди бемориҳои Вируси Норасоии Масъунияти Одам бояд дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намуда, ҷиҳати гирифтани таҳлилҳо аз аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қабулҳои сайёрро ташкил намояд.  

        Дар самти фаъолияти шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия, бахусус дар шуъбаи таваллудӣ камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Имруз вазъи санитарии шуъбаҳои беморхона, риояи ҳатмии навбатдории шабона ва қабулу бистарикунонии саривақтии беморон ба талабот пурра ҷавобгу нест.  Ҳар як корманди тиб дар муомила ва муошират бо беморон бояд андешамандона рафтор намуда, беморро на танҳо ба воситаи доруворӣ балки  бо сухани хуб низ табобат намоянд. 

        Чунин камбудиҳо дар фаъолияти Марказҳои махсусгардонидашудаи тиббии Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази тропикӣ, пусту зуҳравӣ, тибби оила ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим низ ҷой дошта, аз масъулини соҳа бартараф кардани саривақтии онро тақозо менамояд. 

        Боварӣ дорам, ки ҳамаи Шумо ислоҳи ин камбудиҳоро дар фаъолияти ояндаатон ба роҳ монда, вазифаи асосии худро ҷиҳати беҳтар намудани солимии аҳолии ноҳия равона менамоед. Бо ин ниятҳои нек бори дигар Шумо табибони ҳозиқро бо Иди касбиатон самимона табрик намуда, ба кору фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.


        Иди касбиатон муборак, табибони ҳозиқ



скачать dle 12.1
Просмотров: 36  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.