http://balkhi.tj/
«ХИЁНАТ» ФИЛМЕ КИ НАФРАТ БА НАЗҲАТИҲОИ ҶИНОЯТПЕШАРО БЕШТАР КАРД
9-10-2020, 13:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«ХИЁНАТ» ФИЛМЕ КИ НАФРАТ БА НАЗҲАТИҲОИ ҶИНОЯТПЕШАРО БЕШТАР КАРД

         Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки чандест тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода мешавад, бори дигар бо ҷузъияти фарогир парда аз рӯи садҳо амали ҷинояткоронаи аъзои ТТЭ ҲНИ бардошт ва бо пешниҳоди далелҳои мушаххас ҷомеаи кишварро дар ростои шинохти комил аз бархӯрдҳои манфиатҷӯёнаи зархаридон қарор дод. Тавре тамошобинон медонанд, филм дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода шуда, аз амалҳои ноҷавонмардона ва хунии назҳатиҳо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нақл мекунад. Таҳиягарон бо пешниҳоди арқоми воқеӣ ба амалҳои собиқ Ҳизби назҳати исломӣ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, ҳаводиси гузаштаро мунсифона тасвир намуданд.

         Бояд гуфт, ки солҳои охир шуури сиёсӣ ва маърифати динии мардум боло рафта, бидуни намоиши силсилафилми мавриди назар ҳам дасисаву ғаразҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва аъзои ҷиноятпешаи онро дарк менамоянд. Аммо намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар зеҳни моро ба амалҳои ноҷавонмардонаи хиёнаткорон мекашад, ки ин гуна пайравони ТТЭ ҲНИ бо дастури роҳбарият ва хоҷагони хориҷии худ аз кишвари маълум ба амалҳои нангин, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳ, зиёиён, сарбозон ва несту нобуд кардани иншооти давлативу ҷамъиятӣ, даст задаанд.Саҳнаҳои филм нишон медиҳанд, ки амалкарди разилонаю ваҳшиёнаи назҳатиҳо шояд дар таърихи инсоният собиқа надошта бошад. Бо роҳи зӯрӣ дастдарозӣ намудан ба занону духтарон, маҳрум намудани мардон аз узҳои ҳаётан муҳим, шиканҷаи сахт, кушторҳои бераҳмонаю гушношунид бо усулҳои барои башарият бегона аз ҷумлаи ваҳшониятест, ки ҳеҷ як гурӯҳи золиму террористӣ ҳам дар ҳаққи инсон раво надидааст.

         Раҳим Каримов (маъруф бо номи мулло Абдураҳим), собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ дар филм иқрор мекунад, ки қумандонҳои  ҳизбӣ террористӣ солҳои ҷанги шаҳрванди мардуми бегуноҳро гаравгон гирифта, ба ивазаш аз Ҳукумат маблағ талаб мекарданд. Зеро бо ин роҳ иқтидори худро бештар кардан мехостанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки  аз дасти ин қотилони хуношом, асосан чеҳраҳои саршиноси миллат ба қатл расонида шуданд. Аз ҷумла дар баробари донишмандону зиёиёни номдори кишвар рӯзноманигорони шинохта- Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Муродулло Шерализода, Ҷумахон Ҳотамӣ, Хушбахт Ҳайдаршоҳ, Нафасбек Раҳмонов, Зайниддин Муҳиддин ҳанӯз дар айни камолоти умр бераҳмона кушта шуданд. Мақсади террористӣ назҳатӣ нест кардани қудрати зеҳнии миллат ва аз нав пойбанд кардани мардум ба ақидаҳои ҷоҳилонаву вопасгароёнаи онҳо буд.

         Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ тибқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти милли ба хотири ҳифзи суботу осоиштагии мардум собиқ аъзои ҲНИ, ҳам ба мансабҳои баланди давлатӣ ҷалб шуданд.Мутаассифона, гузашти солҳо нишон дод, ки аъзои ҳизби дар Тоқикистон мамнӯи назҳати исломӣ аз амалҳои хиёнаткоронаи худ даст бардоштани нестанд ва арзишҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар баробари манфиатҳои гурӯҳиву шахсии онҳо арзише қоил нест. 

         Ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015, яъне кӯшиши анҷом додани табадуллоти давлатӣ аз ҷонии узви фаъоли ҳизб, собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурӣ А Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим) далели бе баҳси он аст. Ин фоҷеа бори дигар чашми халқро ба шинохти ҳадафҳои асливу душманонаи ТТЭ ҲНИ боз кард. Қабл аз тарҳу анҷом додани чунин иғвои хунин роҳбарияти ин ҳизб ва чанд тан аз фаъолони он барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан ба хориҷа фирор карда, дар сояи хоҷагонашон паноҳ бурданд ва чун абзори сиёсӣ ба бози гирифта шудаанд.

         Муруре ба шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки назҳатиҳои террорист бар ивази иғвою тавтеасозӣ ва кӯшиши таъсиргузорӣ ба мафкураи мардум тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, бо сармоягузорони худ ҳисоби хушро баробар созанд. Хушбахтона, ки ҳадафҳои нопокашон пайдарпай хок хурда, баръакс нафрати бештари халқи шарафманди тоҷикро, ки замоне аз дасти онҳо хонабардӯш шуда буданд, бештар месозад.

         Табиати душманони миллати тоҷик ин аст, ки дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, иду  ҷашнҳои миллӣ дасту остин барзада, алайҳи манфиатҳои давлату миллат иғвоангезӣ мекунанд, то ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор карда, суръати рушди кишварро боздоранд. Вале, чун андешаву фикри солим надоранд, дар баробари идораи роҳбарияти сиёсии кишвар ва мардуми тоҷик шикаст мехӯранд.

         Бо ин вуҷуд намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз забони шахсони воқеӣ, иштирокчиёни бевоситаи равандҳои сиёсӣ ва фирефташудагони доми назҳатӣ ҷомеа моро ҳушдор медиҳад, ки даст аз мубориза бо ин бадхоҳон барнадоранд ва ҳеҷ гоҳ аз назарфиребии онҳо ғофил намонанд.


скачать dle 12.1
Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.