« Январь 2021 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ
САБЗАВОТ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД
Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ бо маром идома дорад.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия аз аввали соли 2020то 1 декабри соли 2020 дар ноҳия ба миқдори 23 523 тонна ҳосили сабзавот рӯёнида шудааст. Аз ин миқдор6 580 тонна сабзӣ, 787 тонна карам, 2875,9 тонна помидор ва 2464,2 тонна бодиринг мебошад, ки айни замон ҷамъоварии ин сабзавотҳоидома дорад. Нисбат ба соли 2019истеҳсоли сабзӣ747 тонна, карам 45,7 тонна, помидор 396,7 тонна ва бодиринг 776,2 тонна зиёд мебошад.
Кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2021 то санаи 1 декабр дар масоҳати 1393,8 гектар гандум, 148,2 гектар ҷав, 331,8 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуданд. Ҳамчунин тибқи дурнамо бояд дар ноҳиядар майдони 350 гектар картошка кишт карда шавад. То санаи 1 декабри соли равон аз ҷониби картошкапарварони ноҳиядар масоҳати 19 гектаркартошка кишт карда шуда, кор дар ин самт муташаккилона идома дорад.
АбдусаидГУЛОВ, Суратгир
А. ШЕРМАТОВ