Низомномаи
Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2020-2021.
1. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузаронидани озмунро барои дарёфти ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳия, ҷамоат, деҳа ва маҳалларо муайян менамояд.
Дар озмун шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иштирок менамоянд.
4. Озмун аз тарафи гурӯҳи кории ноҳиявӣ, шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳалла ташкил ва гузаронида мешавад.
5. Аъзои гурӯҳи кории озмун дар сатҳи шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳалла аз кормандони сохторҳои маҳаллии марбут ба аъзои гурӯҳи кории ноҳиявӣ интихоб гардида, бо қарори раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис дода мешаванд.
5. Гурӯҳҳои кории озмунӣ фаъолияти худро бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳо, боздиди (муоинаи) вазъи минтақа ва ё ҳудуди дахлдор мутобиқи талаботҳое, ки барои озмун муайян гардидаанд, анҷом медиҳад.
6. Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории озмунӣ дар сурати иштироки на кам аз 2/3 ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисоб карда мешаванд. Қарорҳои гурӯҳҳои кории озмунӣ бо овоздиҳии қисми зиёди иштирокчиёни он қабул мегардад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози роҳбари гурӯҳи кории озмунӣ ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии гурӯҳҳои кории озмунӣ аз тарафи роҳбар ва котиби он ба имзо расонида мешавад.
4. Ваколат ва вазифаҳои гурӯҳи корӣ
7. Ваколати гурӯҳҳои кории озмунӣ аз инҳо иборатанд:
-мувофиқа намудани шакли мукофотҳои ғолибон, ки аз ҷониби гурӯҳи кории озмунии ноҳиявӣ мавриди ҷамъбасти озмун тасдиқ гардидааст, дар ноҳия тақдим мегарданд;
-интихоб ва тасдиқ намудани намунаи Ифтихорнома, Сипоснома, Шаҳодатнома барои қадршиносии ғолибон;
- аз байни иштирокчиёни озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ муайян намудани ғолибони озмуни «Сайри гули Лола» дар маҳалла, деҳа, ҷамоат, ноҳия, ки ба Ифтихорнома, Сипоснома, Шаҳодатнома сазовор гардонида мешаванд;
-ҳамоҳангсози гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо;
-баррасии ҳолатҳои баҳсӣ, муроҷиатҳои иштирокчиёни озмун.
8. Гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:
- ташкил ва ҷамъбасти озмуни «Сайри гули Лола»-ро дар сатҳи ноҳия, ҷамоат, деҳа ва маҳалла таъмин намоянд;
- барои омодагӣ ва иштирок дар давраи навбатӣ ба ғолибони озмуни «Сайри гули Лола» дар сатҳи ноҳия ва ҷамоатҳо мусоидат намояд;
- маълумот оид ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои озмун, рӯйхати ғолибони марҳилаи якуми озмунро ба гурӯҳи кории ноҳиявӣ пешниҳод менамояд.
9. Дар озмун маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак иштирок менамоянд:
- озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ, эҷодии озодона ва шаффоф баргузор мегарадад;
- ҷиҳати муташаккилона ва шаффоф гузаронидани озмун гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарони корхона, ташкилот ва муассисаву идораҳои дахлдор, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ таъсис гардида, тасдиқ карда мешаванд;
- гурӯҳи корӣ ҳангоми зарурат метавонад ба шартҳои гузаронидани озмун дар ҷаласаҳои худ тағйирот ворид намояд;
- муҳлати ҷамъбасти натиҷаҳои озмун аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак то 15 март ноҳия, шаҳру ноҳияҳо то 20 март ва вилоят то 25 март ҷамъбаст мегардад.
14. Ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин муайян карда мешаванд:
- гулпарвари беҳтарин;
- гулгашт ва хиёбон;
- боғҳои фарҳангию фароғатӣ;
- деҳа;
- маҳалла;
- деҳот;
- шаҳрак;
15. Номинатсияҳо аз рӯйи меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмуни гулҳо: «Сайри гули лола» баҳогузорӣ карда мешаванд. (замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8 ва 9).
6. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани ғолиби озмуни
ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» ноҳиявӣ, ҷамоатӣ:
10. Бо мақсади интихоб намудани ғолибони озмун аз ҷониби гурӯҳи корӣ нишондиҳандаҳои зерин истифода мегарданд:
- шумораи гулгаштҳо ва мавзеъҳои гулзор шуда;
- интихоби навъи гулҳо бо муҳлатҳои гуногуни шукуфоӣ, гуногунрангии биологии гулҳо, ороиши қитъаи гулкорӣ (дизайн), ҳолати нашъунамо ва рушди гулҳо (аз ҷумла гули Лола);
- интихоби композитсияи ҷолиб доир ба мавзеъҳо;
- сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ;
- саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳия ва ҷамоат) дар ин самт, ҳамзамон ҷалби сокинон ва кормандон ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуд.
7. Мукофотонии ғолибон
11. Мукофоту ҷоизаҳо аз ҷониби гурӯҳи кории ноҳиявӣ интихоб гардида, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули Лола” мутаносибан сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 мегарданд;