НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ БАЛХ» ЛАЗЗАТБАХШ АСТ!
декабрь 27 2023

МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ БАЛХ» ЛАЗЗАТБАХШ АСТ!

 

МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ БАЛХ» ЛАЗЗАТБАХШ АСТ

         Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо, таъмини сокинони кишвар бо маҳсулоти ватанӣ, пешниҳоди имтиёзҳои гуногун ба соҳибкорон баҳри беҳтар гардидани вазъи иқтисодии сокинон мусоидат мекунад. Дар ин замина дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иншоотҳои истеҳсолии гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд. Яке аз онҳо корхонаи саноатии «Панири Балх» мебошад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мавриди истифода қарор гирифта, тайи 3 - сол боз ба мардум хизмат мерасонад. Уғулой Абдуллоева, аз зумраи занони соҳибкори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, коргоҳи хурди истеҳсоли панир дорад, ки маҳсулоташ бо номи «Панири Балх» дар мағозаву бозорҳои ноҳия ва шаҳри Бохтар ба фурӯш бароварда мешавад. Аз рӯйи таҳлилҳо мо медонем, ки маҳсулоти ширӣ, аз қабили паниру қаймоқ ва равғани зарду творог ба саломатии инсон фоидаовар аст. «Солҳои 2018-2019 чунин маҳсулотро барои фарзандонам дар шароити хона тайёр мекардам. Духтарам тарзи омода кардани панирро аз шабакаи интернетӣ нишон дод. Аз ҳамсояҳо шир мехаридаму дар деги бобоӣ тайёр мекардам. Маҳсулоти худро ба панири бозор муқоиса мекардам, ки оё тавонистаам ё не. Ҳамсояҳо низ таъриф мекарданд. Тасмим гирифтам, ки тиҷорати худро дар ин самт оғоз намоям», - иброз намуд Уғулой Абдуллоева. Имрӯзҳо ӯ дар корхонаи худ фаъолияти пурсамар дошта, маҳсулоташ муштариёни зиёд дорад. Ин аст, ки бону Уғулой 3 нафари дигарро ба ҷойи кор ва маоши доимӣ таъмин кардааст. Ӯ қайд намуд, ки фурӯши ширро дар бозору деҳоти ноҳия зиёд мушоҳида мекардам. Баъдан боварӣ пайдо кардам, ки бо ташкил кардани коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ муваффақ мешавам. Вале барои анҷоми он, хусусан, дастрас кардани таҷҳизот маблағ лозим буд. Хушбахтона, ду сол пеш бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд соҳиби таҷҳизоти муосири истеҳсоли панир гардидам. -Дар рӯзҳои нахустини фаъолияти корхонаи мо харидорон ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотамон хеле кам буд. Барои зиёд шудани онҳо маҳсулотро кам-кам ба мағозаҳои ноҳия ва берун аз он ба таври ройгон дастрас намудем. Аз ин лиҳоз ба харидорон маззаи «Панири Балх» ва нархи он писанд омада, сафашон афзун шуд, - бо ифтихор илова кард бону Уғулой. Аз рӯйи нақли ин зан-модари соҳибкор маълум гардид, ки ҳар рӯз субҳи барвақт бо худрави худ барои дастрас кардани шир ба деҳаҳои 30 - километр дур аз маркази ноҳия меравад. -Тобистон истењсоли шир дар деҳотҳо зиёд аст, зеро молҳо дар саҳро ҳастанд. Дар тобистон дар як рӯз беш аз 700 литр ширро коркард мекунем. Феълан аз 60 хонавода то 400 литр шир бо нархи 3 сомонӣ дастрас мекунем. Ҳар рӯз беш аз 40 килло панир тайёр карда, дар мағозаҳои бозори ноҳия, бозорҳои Ҳоҷишариф ва Фаровони шаҳри Бохтар мефурӯшем,-мегўяд Уғулой Абдуллоева. Ин зани кордон бо истифода аз технологияҳое, ки дар коргоҳаш дорад, қабл аз коркард кардани шир безарарӣ ва равғаннокии онро месанҷад. На танҳо панир, балки қаймоқу творог ва равғани зард низ истеҳсол мекунанд. Истеҳсоли панир бо таҷҳизоти муосир душворӣ надорад. Як килло панир 65 сомонӣ ва як қуттии хурди равғани зард 10 сомонӣ муайян шудааст. -Чаҳор фарзанд дорам. Онҳо сол аз сол бузург шуданду таъминоти рӯзгор ҳам торафт мушкил мешуд. Ба тиҷорат рӯ оварданам ниҳоят хуб шуд, ки ҳам сатҳи зиндагиам беҳтар шуд ва ҳам 3 нафари дигарро ба кор ва маош таъмин кардам. Инчунин маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро омода карда, барои аҳолии кишвари худам дастрас мекунам. Ман ба тавонмандии худ бовар доштам, ки дар ин самт дастболо мегардам,-ироа намуд қаҳрамони мо. Хуллас, коргоҳи панирбарории Уғулой Абдуллоева дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, миёни мардуми ноҳия ва берун аз он ном баровардааст. Маҳсулоташ борҳо дар фестивалҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштаву бо Сипосномаву Ифтихорнома қадрдонӣ гардидааст. Ҳамчунин Уғулой Абдуллоева аз ҳисоби даромади маҳсулоти ширӣ дар назди коргоҳаш як сехи қаннодӣ сохта истодааст, ки баъд аз истифода додани он 10 нафари дигарро метавонад ба ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намояд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
25 октябрь 2023
Асосӣ / Кишоварзӣ
ҶАМЪОВАРИИ БО МАРОМИ

ҶАМЪОВАРИИ БО МАРОМИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031