Дар толори Қасри фарҳнги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло сухан карда, бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт. Сипас, ба як қатор бонувон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳои дилнишин дар васфи зан-модар иборат буд, ба чорабинӣ шукӯҳи дигар зам намуданд.