БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР МИҲД-И НОҲИЯ
Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини дар доираи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмун гузаронида шуд.
Дар озмун 4 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ ширкат намуданд.
Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи тартиби муайянгардида, бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмунро баргузор намуд.
Натиҷаи озмун тибқи талаботи муқарраргардида ҷамъбаст карда мешавад.