http://balkhi.tj/
ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ
30-03-2021, 11:45 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ 

      Рӯзи 24 марти соли 2021 бахшида ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Навобод синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 

    Дар расми ифтитоҳи бинои таълимӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва раиси  ноҳия  Убайдуллои Файзулло иштирок доштанд. 

      Ин бинои навбунёди таълимӣ дуошёна буда, аз 10 синфхона, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ бо як адад тахтаи электронӣ, 8 адад компютер, 1 адад принтер ва дигар таҷҳизоти таълимӣиборат мебошад. 

    Бинои таълимӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидмурод Саъдуллоев ва фарзандони ӯ бо шароити мусоиди таълим сохта ба истифода дода шуда, бо мизу курсӣ ва ҷевонҳо таъмин карда шуд. 

   Корҳои сохтмонӣ дар ин бино соли 2019 оғоз ёфта, дар сохтмони он зиёда аз 50 нафар сохтмончиён аз ҳудуди ноҳия ва устоҳои моҳир аз вилояти Суғд ба кор ҷалб карда шуданд. Дар рафти сохтмон аз масолеҳи сохтмонии ватании хушсифат истифода шудааст. 

     Ҳамчунин чанде пеш аз ҷониби соҳибкорони деҳа китобхона ва ошхонаи муассиса низ бо сифати баланд сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, синфхонаҳои боқимондаи муассиса низ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

      Саҳни ҳавлии муассиса бошад бо сафолакҳо рӯпӯш карда шуда, гулҳои рангоранг ва дарахтони сояафкан шинонида шудааст. Атрофи муассиса бошад бо панҷараи оҳанин иҳота карда карда шудааст.

    Ҳамчунин, бо саҳми ин соҳибкорон аз даромадгоҳи деҳаи Пушкин то муассисаи таълимии мазкур, ки масофаи 2,5 км-ро ташкил медиҳад, мумфарш карда шуд. 

     Айни замон дар муассиса 440 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд. Акнун бо ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ имкон пайдо шуд, ки муассиса 570 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад.

     Меҳмонон зимни боздид аз синфхонаҳо ва шинос шудан бо шароити таълиму тарбия ба соҳибкор ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, Саидмурод Саъдуллоев ва дигар шахсоне, ки дар ин кор саҳм гузоштанд, барои дастгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат арзи сипосу миннатдорӣ баён намуда, бинои нави таълимиро туҳфаи арзанда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. 

        Дар ин рӯз ҳамчунин дар деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Ҳалевард бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 ба истифода дода шуд. 

     Дар маросими ба истифодадиҳии синфхонаҳои иловагӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло ва фаъолони ноҳия иширок доштанд. 

      Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ  бо маблағҳои буҷети ноҳия ва саҳми сокинони деҳа ба маблағи 284 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст.

      Меҳмонон бо шароити таҳсили хонандагон шинос шуда, онҳоро ба хониши хубу аъло даъват намуданд. Зимни суханронӣ дар назди омӯзгорону сокинон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия ба аҳолии деҳа барои саҳм гузоштан дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 73  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.