http://balkhi.tj/
ВОХӮРИИ АДИБ БО КИТОБДОРОН
23-09-2021, 05:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Дар толори китобхонаи марказӣ тибқи нақша-чорабиниҳои китобхонаи марказикунонидашудаи  бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вохӯрии нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Зариф Ғулом бо китобдорони ноҳия баргузор гардид.

     Сараввал мудири китобхона Имомзода Адолат суханронӣ намуда, қайд намуд, ки китобхона маконест инсонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбият менамояд. Воқеан ҳам китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст.

    Дар навбати худ нависандаи маҳбуб Зариф Ғулом дар бораи эҷоди ҳикоя, очерк ва қиссаҳои навиштаи хеш ва ҳамчунин аз заҳмати нависандагон ибрози андеша намуд. Ҳамзамон дар байни иштирокдорон ва адиб оид ба осори ӯ муколамаи судманд ва суолу ҷавоб доир гардид, ки иштирокчиён ба суолҳои хеш посухи дақиқ гирифтанд.

    Дар вохӯрии болозикр адибони ноҳия Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, Кароматулло Садиров ва Ҳилола Шарифова иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Мавриди зикри хос аст, ки китобҳои нависандаи маҳбуб Зариф Ғулом таҳти унвони «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Асри хиёнат», «Хиёнат». «Табадуллот», «Хоки ватан», «Се сарнавишт» ва «Ҳамсинфон» бо теъдоди зиёд нашр шудаву то имрӯз хонандаи худро пайдо намудаанд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 20  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.