НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » «МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».
сентябрь 28 2022

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

   Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили муносибатҳо танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад. ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар» Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 25 сентябр кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба хатми низои сарҳадиро ба имзо расониданд. Протоколи хатми низоъ дар марзи ду кишварро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо карданд. Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар шарҳи натиҷаҳои музокирот бо ҷониби Қирғизистон барои намояндагони расонаҳои хабарӣ изҳор дошт, ки 25 сентябр протоколе ба имзо расид, ки онро метавон протоколи демилитаризатсия (беяроқгардонӣ) номид. Ба гуфтаи ӯ, тадбирҳои қатъӣ андешида шуданд, ки онҳо дар протокол инъикос ёфтаанд ва бояд риоя шаванд. «Мо дар ин ҷо ҳамзамон музокирот анҷом додем ва ба мувофиқа расидем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ рух диҳад», — шарҳ дод ӯ. Дар ин робита Саймумин Ятимов аз сиёсатмадорони алоҳида, намояндагони ВАО ва блогнависон даъват намуд, ки дар истифодаи вожаву таъриф ва истилоҳот эҳтиёткор бошанд. “Мо бояд дар истифодаи калимаҳо, таърифҳо ва истилоҳот хеле эҳтиёткор бошем. Суханони ман, пеш аз ҳама, ба ВАО, блогнависони инфиродӣ, сиёсатмадорони алоҳида дахл доранд. Ҳар як сухан метавонад ба кор зарар расонад”, — гуфт Раиси КДАМ Тоҷикистон. Вай дар баробари ин суханони Арастуро иқтибос овард: «Одами бесавод аз сиёсат берун аст, ба ӯ бояд аввал алифбо омӯхт. Бидуни ин сиёсат вуҷуд дошта наметавонад, бе ин танҳо овозаҳо, ғайбатҳо, афсонаҳо, таассубу хурофот вуҷуд доранд, аммо на сиёсат».Саймумин Ятимов гуфт, ки агар мо асноду ҳуҷҷатҳои имзошударо қатъиян риоя кунем, дар сарзамини тоҷикону қирғизон сулҳ ҳукмрон мешавад. «Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки бо Протоколи мазкур шинос шаванд, ин гуна ҳуҷҷатҳо махфӣ нестанд, танҳо ҳангоми шарҳу тавзеҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бояд қатъиян риоя намуд», — таъкид дошт Раиси КДАМ Тоҷикистон. Вай ҳамчунин зикр намуд, ки «ҳангоми таҳияи санади дахлдор мо бо рӯҳияи ҳуқуқи римӣ кор мекунем, маҳз он муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи байналмилалиро танзим мекунад. Дар он ҷо як шарт ва назарияи хеле аҷоиб мавҷуд аст — ирода, агар он давлатӣ бошад, бояд дар шакли қонун, санад, созишнома, шартнома ифода ёбад ва бо дастгоҳе таъмин карда шавад, ки қодир аст онро амалӣ намояд, вагарна ҳамаи ин — сухани беҳуда ва беасос хоҳад буд». «Мо итминон дорем, ки татбиқи санадҳо ва ташкили муносибатҳоямон танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад»,-афзуд дар охир Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.

        

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 28 сентябрь 2022 09:30
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 541
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ
ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ! Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли

Маълумоти бештар
27 сентябрь 2022
Асосӣ
ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ Андеша: Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар ҳайёти ҳаррӯзаи мо ҳар як сонияю дақиқа

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ / Маориф
ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ

ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930