http://balkhi.tj/
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД.
26-09-2021, 06:15 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз санаи 21 август ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, имрӯзҳо муташакилона идома дорад. Аҳли заҳмати ноҳия аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, кушиш намуда истодаанд, ки дастранҷи хешро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

     Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳия зиёда аз 3400 хоҷагиҳои хурду калони пахтакор фаъолият доранд, ки имсол дар майдони 9900 гектар кишти пахта гузаронидаанд. Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро, ки 22310 тонна мебошад, барзиёд иҷро намоянд.

     Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумааев дар ноҳия яке аз калонтарин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб рафта, дорои 1974 гектар замин мебошад. Имсол аҳли заҳмати хоҷагӣ дар майдони 1204 гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки айни замон ба ҷамъовари ҳосил мащғул мебошанд.

      Дар суҳбат бо мо намояндаи ин хоҷаги Саидэҳсон Ризоев иброз дошт, ки онҳо имсол дар хоҷаги навъи пахтаи «Флеш»-ро кишт кардаанд. Ба пахтачинҳо барои як килограм пахта 70 дирам ҳақи хизмат пардохт карда мешавад.

     Кишоварзон дастранҷи меҳнати худро бо сифати баланд ва беталаф ҷамъовари намуда истодаанд ва ният доранд имсол, ки дурнамо 2720 тонна яъне 25 сентнер мебошад барзиёд иҷро намоянд. Аҳли заҳмати хоҷаги то рузи 23 сентябр 1495 тонна тиллои сафед ҷамъовари намудаанд, ки 54,96% дар бар мегирад, ва ҳолло дар майдон пахта фаровон буда мо азм дорем, ки то кураки охирон чинда ба хирмани давлат супорем қайд намуд Саидэхсон Ризоев.

скачать dle 12.1
Просмотров: 23  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.