НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Маориф » ТАРЗИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ТАЛАБОТИ ОЗМУН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
май 01 2025

ТАРЗИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ТАЛАБОТИ ОЗМУН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

                             ТАРЗИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ТАЛАБОТИ ОЗМУН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

       Рӯзи 22 апрели соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинари омӯзишии ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шукурзода Шаҳло, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

 Мақсади асосии баргузории семинар омодасозии фаъолон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, расондани тарзу усули дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди корҳои эҷодӣ ба масъулин буд. Мутахассисони соҳа иштирокчиёнро бо номгӯи номинатсияҳои озмун, талаботи асосӣ, усули таҳияи корҳо, тартиби пешниҳоди мавод ва ҳуҷҷатҳо шинос намуданд.

Муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло дар суханронии худ таъкид намуд, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, боло бурдани завқи китобхонӣ ва рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон аҳамияти калон дорад.

Хонандагон бо ҳавасмандӣ иштирок намуда, саволҳои худро оид ба ҷараёни озмун ва ҳуҷҷатгузорӣ пешниҳод карданд, ки аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки иштироки фаъол ва пурмазмуни хонандагон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ - китоб аст” метавонад на танҳо ба ғолибият, балки ба ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва малакаҳои эҷодии онҳо мусоидат намояд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Фарҳанг
-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30