http://balkhi.tj/
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ
28-09-2021, 06:22 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки коррупсия (ришваситонӣ ва ба истилоҳ порахӯрӣ) яке аз зуҳуроти мураккабу номатлуби иҷтимоӣ буда, аз қадимтарин замонҳо то имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро дунбол мекунад ва аломату нишонаҳои онро қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. 

     Ба назари муҳаққиқон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри ХIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи ба назар мерасанд. Дар замонҳои қадим "коррупсия" ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат бобати беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, коҳиш додани фасоди молӣ (коррупсия), ташкили мубориза ва муқовимати ҳадафнок алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ, пойин бурдани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва билохира, ба вуҷуд овардани шароити шоистаю арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони кишвар тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва ин раванд бомуваффақият идома дорад. Яке аз падида ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, ки ҷомеа ва давлату миллатро ба қафо кашида, буҳронҳои ҷиддии иқтисодию сиёсӣ ва маънавию маданиро дар пай дорад, коррупсия мебошад.

     Мафҳуми "коррупсия" дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъриф дода шудааст: "Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ". Масъалаи коррупсия ба сатҳе муҳим ва зарурӣ аст, ки СММ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна xинояту xинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсияро қабул кард. Дар ин замина, соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ - 9 декабр ба унвони Рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд. Ба ин маъно, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба масъалаи коррупсия ва xиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта иртибот гирифта давра ба давра ва марҳила ба марҳила ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва баъдан мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута қабул гардиданд.

     Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор мегирифтанд. Дар ҷараёни татбиқи санади мазкур тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҷлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шуд.

     Ба ин тартиб, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳанӯз ҳафт соли қабл бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 № 1504 тасдиқ карда шуда, муддати ҳафт соли ахир мушкилот ва масъалаҳои марбут ба коррупсия ва дигар ҷиноятҳои характери коррупсионидоштаро дар доираи қонунгузорӣ машрӯият мебахшид. Ба дунболи ин, санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 августи соли 2021 таҳти рақами 222 ба тасвиб расид, як навъ барномаи давлатиест, ки дар шакл ва ҷолиби нави ҳуқуқӣ пешниҳод шуда, раванди муқовимати муташаккилона ва муттаҳидонаро бо вабои аср - коррупсия ва ришваситонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ташкилию ҳуқуқӣ ва идорӣ ба танзим медарорад.

    Дар банди 13 боби 2-юм (Мақсад, вазифа ва принсипҳои татбиқи Стратегия)-и Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омадааст, ки роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати xилавгирӣ аз коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ талаботи замон аст. Аз xумла, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ аз тадбирҳои муҳимест, ки дар банди 13-уми боби 2-и Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тазаккур ёфтааст. Аз талаботи банди мазкур бармеояд, ки ҳар қадар сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло бурда шавад, ҳамон қадар имкони коҳиш додан ва мутаносибан решакан кардани xиноятҳои коррупсионӣ фароҳам меояд. Ҳамчунин дар доираи бандҳои 20-25-и боби 3-юм "Самтҳои асосии Стратегия" як навъ таҳлили бонизоми мақомоти давлатии зиддикорруп-сионӣ сурат гирифтааст. Ба гунаи мисол, дар банди 25 фаъолияти Агентии давлатии мубориза зидди коррупсия тайи солҳои 2013-2019 натиҷxагирӣ гардида, ин ҷумла таъкид шудааст, ки дар ин муддат аз ҷониби мақомоти марбута 1300 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкор ва дар ин замина парвандаҳои ҷиноятӣ боз гардида, гунаҳкорону муқассирон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Махсусан, сатҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта дар ҷумҳурӣ тайи солҳои 2013-2019 тариқи ҷадвал ва диаграмма тасвир ёфтаанд. Дар банди 22 дар доираи тасвири ҷадвалӣ-диаграммӣ сатҳи ошкор кардани ҷиноятҳои корруп-сионӣ ва дар ин замина динамикаи мубориза ва муқовимат зидди коррупсия дар миқёси ҷумҳурӣ оварда шудааст, ки аз рӯйи он метавон вазъи зиддикоррупсиониро дар ташкилоту идораҳо ва умуман қаламрави ҷумҳурӣ ба мушоҳида гирифт. Масалан, дар ин банд сол ба сол сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дақиқӣ шудаанд. Аз ҷумла, агар дар соли 2013 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта 1101 ададро ташкил дода бошанд, дар соли 2014 ин адад ба 1179 расида, шумораи ҷиноятҳои марбута дар соли 2015 1306, соли 2017 1445, соли 2018 1364 ва соли 2019 1362 ададро фаро гирифтааст. Чунин таҳлил ва ташхиси ихтисосию ҳирфаӣ дар доираи қонунгузорӣ (манзур Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аст ) ҳодисаи нав аст. Аз ин ҷост, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳуҷҷату санади муҳими меъёрии ҳуқуқи соҳавӣ ба шумор меравад ва татбиқи он дар ҷомеа ба беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва маданӣ оварда мерасонад.


Шоҳиён Ҳ. Ш, нозири калони ШМК-и Раёсати Агентии коррупсионӣ дар вилояти Хатлон, майори адлия


скачать dle 12.1
Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.