http://balkhi.tj/
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР НОҲИЯ
1-10-2021, 14:48 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Санаи 30-юуми сентябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ 814-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти форсу тоҷик-Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо як шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд.

      Дар чорабинии зикршуда роҳбарияти ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд.

      Дар оғоз муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат суханронӣ намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда табрик намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Вахшонзамин таваллуд ёфта, минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тӯли ҳаёти бобаракати худ асарҳои оламшумул эҷод намуд, ки имрӯз бо туфайли осори пурарзиш ва гаронмояи хеш машҳури дунё мебошад. Ин орифи барҷаста бо намояндагони қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздик буда, дар осори худ инсониятро ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ даъват мекунад.

        Сипас ба ғолибони озмуни ноҳиявии «Мавлавихонӣ», ки бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуда буд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

      Дар қисмати дуюми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳои дилошӯби Мавлоно иборат буд, пешкаши ҳозирин гардониданд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 17  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.