http://balkhi.tj/
МО ЗИДДИ ХАЗОНЕМУ ТАРАФДОРИ БАҲОРЕМ
3-04-2020, 17:50 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МО  ЗИДДИ ХАЗОНЕМУ  ТАРАФДОРИ БАҲОРЕМ

Поёни роҳи наҳзатиёни кӯрнамак вартаву чоҳ аст

      Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагии озоду осоишта дорад. Албатта, барои ҳамагон, махсусан насли калонсол хуб маълум аст, ки барои миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлолият чӣ гунна муяссар гардид. Дар он рӯзҳои сангин, ки Тоҷикистон дар коми оташ месӯхту хатари аз байн рафтани давлат таҳдид мекард, хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик фарзанди фарзонаи халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомӣ ва наҷотбахши миллат зуҳур кард ва аввалин ваъдае, ки ба халқи худ дод, барқарор  намудани сулҳу субот дар мамлакат буд. Эмомали Раҳмон барои миллати  худ натанҳо сулҳ овард, балки як давлатеро,  ки қариб ҳамаи пояҳои давлатдории он фалаҷшуда буданд, дар як  муддати кӯтоҳ ба кишвари тараққикарда табдил дод. Маҳз ҳамин хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,   ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мешиносад ва эътироф мекунанд. Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон  дар  якмуддати кӯтоҳи таърихӣ бадастовардҳои бузурге ноил гардид, ки мардум худ шоҳид мебошад. Дар  арсаи байналмилалӣ  аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели рӯшани гуфтаҳои боло мебошанд.  

       Мутассифона, имрӯз бархе нотавонбинону кӯрдилони ин дастовардҳо ва сулҳу ваҳдати тоҷиконро дидан намехоҳанд ва  ба  ҳарроҳу васила бар сари миллату ватани худ санги маломат мезананд. Ватане, ки дар оғӯши худ онҳоро парвариш намуд, акнун ин фарзандони   носипосаш ба  ӯхиёнатро раво  мебинанд. Манзур  азин  гуфтаҳо амалҳои ноҷавонмардонаи аъзоиҳизби экстремистӣ-террористии наҳзатиисломӣ мебошанд. Аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар амалҳои ҷинояткоронаи зиёде  даст зада  мехоҳанд оромии кишварро халалдор созанд. Вале,  онҳо   ҳеҷгоҳ  ба  мақсадҳоинопоки  худ   наҳоҳандрасид.  

    Тавре  киаз  воситаҳои  ахбориомма   огаҳӣ  пайдонамудем,   амали  куштори сайёҳони   хориҷӣдар  ноҳияи    Данғарароаъзои    ин     ҳизбиэкстремистӣ-террористии  наҳзати   исломӣанҷом    додаанд   вадар   паси  ин амалҳоизидди  башарӣ  саркардагони ҳизби террористии наҳзати ислом меистанд. Дигар амалҳои хиёнаткоронаи ин иблиссиратон   бароисокинон  равшан  аства  чеҳраи хоинонаи онҳо ба  сокиноникишвар бармало   гардид.

    Имрӯз сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чун дигар сокинони ҷумҳурӣхуб дарк намудаанд, ки пайравони  ҳизби  экстремистӣ-террористии  наҳзатиисломӣ ҳеҷ вақт дар пайи ободиву осудагии Тоҷикистон набуда, балки онҳо пайваста баҳри иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ  ба амалҳои ғайриинсонӣ машғул мебошанд.  Аммо, мардуми сулҳхоҳу ваҳдатофари Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дасисаву найрангҳои ин хоинони миллат дода нашуда, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид гардида, намегузоранд, ки душманони миллат баҳори моро хазон гардонанд.

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем,

Як зарраҳам аз душмани худ тарс надорем.

Лекин ҳама чун якдилу ҷон сулҳ шиорем,

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.


Абдухолиқ  РОЗИҚОВ

скачать dle 12.1
Просмотров: 83  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.