ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

     Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 то санаи 1 июн омодагиҳо ба роҳ монда шуда, дар ин бобат бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024, №4 корҳои амалиро роҳандозӣ намудаанд. Тибқи иттилои мушовири шуъбаи маориф Тоҷибой Бозоров дар 14 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 350-нафар кӯдак, дар ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ 50 - нафар, дар умум 400 - нафар дар даври якум ба истироҳати тобистона ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 3460-нафар хонанда ба таври ройгон ба фароғати таълимӣ фаро гирифта шудаанд. 

                    МУОИНАИ ТИББӢ БА ТАВРИ РОЙГОН

  Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкории муваффақона дорад. Хушбахтона, бо дастгирии онҳо дар тамоми соҳаҳо садҳо лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Дар ин замина, бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кумаки тиббии ройгон филиали ширкати шоҳигарии норвегии «Нормека Интернешнл АС» барои татбиқи Барномаи «Фаёл Хайр» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ амал карда истодааст. Ба иттилои намояндаи клиникаи сайёр, табиб-Алишер Низомов ҳамарӯза беморонро ба таври ройгон муоина мекунанд. Клиникаи сайёр бо барномаи махсус фаъолият намуда, аз тарафи фонди хайриявии «Шоҳ Абдуллоҳ» сармоягузорӣ мешавад. 

                              ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ ПОКИСТОН

   Санаи 27 июни соли ҷорӣ як гурӯҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Покистон бо роҳбарии Файсал Карим Кундӣ – губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд, ки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музафар онҳоро ҳамроҳӣ намуд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Нахуст онҳо дар Ҷамоати деҳоти Навобод аз ширкати истеҳсолии «Шит Муҳиддин» ва боғи меваҳо, ки дар майдони 15,99 гектар бунёд гардидааст, дидан намуданд. Қайд гардид, ки дар боғи мазкур чор навъи мева, аз ҷумла олу, олуча, олуи Америкоӣ ва олуи Эронӣ парвариш карда мешавад. Дар идома онҳо ба Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия низ ташриф оварда, аз хоҷагии деҳқонии «Мурод» дидан карданд. 

 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

    Рӯзи 27 июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло чорабинии идона бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ аз кишваре, ки варо хатари парокандагӣ ва нестӣ таҳдид мекард мо тавонистем кишвари воҳиди дорои иқтидорҳои энергетикию коммуникатсионӣ, иқтисодиёти рӯ ба рушд ва фарҳанги пешрафтаву низоми сиёсии устуворро бунёд гузорем, ки дар ин росто ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ин дастовардҳо бархурдор гардидааст. 

                                                                        ИТТИЛОИЯ

    оид ба баргузории иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум. Имрӯз, 25 июн дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид; -Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 14 апрели соли 2023, №122 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2023, №24 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №579 “Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”. - Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №10 Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Воҳидова Фирӯза Абдухолиқовна дар давоми соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024. - Масъалаҳои ҷорӣ. Масъалаҳои болозикр аз тарафи вакилони халқ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

                          ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ ПО БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН!

  Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз ғарқшавӣ дар дарёву кулҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, мунтазам дар назди соҳили дарё ва кулу ҷӯйҳо рейдҳои муштарак гузаронида мешавад. Дар моҳи июни соли равон аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар якҷоягӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои осебпазири кулу дарёҳо ва ҳавзҳою обанборҳо гузаронида шуда, дар соҳилҳо ва ҷойҳои хатарнок наврасону ҷавононро аз оббозӣ боз дошта, ҳамзамон хатарҳои ғарқшавиро ба онҳо фаҳмониданд. 

             МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

   Бо пешниҳод ва ташаббуси Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз тарафи СММ 25 май ҳамасола ҳамчун “Рӯзи байналмилалии футбол” таҷлил карда мешавад. Дар ин замина, бо мақсади татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонии ҷомеа, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ миёни дастаҳои ғайрикасбӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли ҷавони мамлакат, бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи муҳим дар асоси Фармоиши Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2024, №42, футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” доир гардида истодааст.

                                       МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ ЗАРУРИИ НЕРУМАНД

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 - ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Маврид ба зикри хос аст, ки тибқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бояд сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» БО ҶАЛБИ АҲОЛӢ ВА КОРХОНАВУ ТАШКИЛОТҲО

     Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли ватан ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» баргузор карда шуд. Дар аксияи «Тозагии маҳал» кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, маориф, соҳаи тандурустӣ ва сокинон, иштирок намуда, назди корхонаҳои худ ва кӯчаи марказиро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтону гулу буттаҳоро нарм намуданд. 

                                    УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

     Рӯзи 7 июни соли 2024 дар кӯчаҳои деҳаҳои Румӣ ва Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини ҷамоати мазкур усули "Хона ба хона" бо занони хонанишин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, хариду фурӯши одамон, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо хос набуда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, қонуншиканӣ ва ҷиноят дар байни занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар як шахс мебошад.

 

 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда