«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»

 Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» вохӯрии хотирмон бо иштироки занони фаъоли ноҳия доир гардид. Дар ин ҷамъомад яке аз занҳои фаъол собиқадори меҳнат Саодат Аллаёрова суханронӣ намуда, қайд намуд, ки танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила ғамхорӣ нисбати некуаҳволӣ қобили меҳнати оила сурат мегирад. Қайд гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила моро ба саодату хушбахтӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аз ин рӯ бояд ҳар яки мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода тавонем. Ҳамчунин иштирокдорон аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти хеш ёдрас гардида, ҳозиринро ба олами рангини он рӯзҳо ошно намуданд. Худи онҳо низ чун занони фаъол аз фаъолияти корӣ ва пешрафти кори занони имрӯза мисолҳо оварда, таҳсили духтаронро ҳатмӣ шумориданд.

              7 ДЕКАБР - РӮЗИКОРМАНДОНИРАЁСАТИМОЛИЯ

 Пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад. Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баъд аз таъсис ёфтани Вазорати молия аз соли 1924 дар ноҳия кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар сохтори мазкур айни замон 12 нафар хизматчиёни давлатӣ кор ва фаъолият намуда, ба 125 адад корхонаву ташкилот аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва 11 ташкилоти аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда хизмат мерасонад. 

 ҚАДРДОНӢ Имрӯз дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи зотпарварӣ, афзун намудани саршумори зотҳои беҳтарини чорво, баланд бардоштани маҳсулотнокии он ва иштироки фаъолона дар "Фестивал-намоиши чорвои зотӣ" ҶСП "Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ" ва Барот Умаров- роҳбари хоҷагии Ниёзмаҳмад Бегов бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Суратгузориш аз рафти иштироки китобдорони Китобхонаи марказонидашудаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ярмаркаи фурӯши китобҳои тозанашр дар шаҳри Бохтар.

 

ИҚДОМИ ХАЙР Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ашхоси имконияти маҳдуддошта ва ятимон дасти кумак расонида мешавад. Ин аст, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ба як нафар имконияти маҳдуддоштаи ҷамоати деҳоти Халевард деҳаи Ленинград Исроилов Қиёмиддин аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.  

                                       ВОХӮРӢБОСАРБОЗОН

   Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода имрӯз 29 ноябри соли 2022 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат бо сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии №3 "Айвоҷ", воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс вохӯрӣ намуда, вобаста ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардидани шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва дастгирии мунтазами онҳо суҳбат анҷом дод. 

                                     ПАРЧАМИ МО-ҶИЛВАИ ИҚБОЛИ МО

Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Афрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард. 

 СЕМИНАР ОИД БА "НАВРАСОН-ШАРИКОНИ РУШДИ УСТУВОР" Аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Гурдофарид» лоиҳаи «Наврасон-шарикони рушди устувор» бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ «ЮНИСЕФ» дар 15 шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Спитамен амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина, санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроия ва кормандони касбу кори гуногун семинари омӯзишии якрӯза дар мавзӯи «Наврасон-шарикони рушди устувор» баргузор гардид. Дар семинари болозикр муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ суханронӣ намуда, оид ба татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тарзи ҳаёти солим, иноватсионӣ-технологии наврасону ҷавонон ва илм, барои амалисозии Барномаи миллӣ оид ба рушди ҷавонон андешаҳои худро иброз намуданд.

 

 ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН

   Санаи 12 ноябри соли' ҷорӣ мувофиқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Сокинони ҷамоат вобаста ба масъалаҳои истифодаи замин, таъмири қубурҳои обгузари хонаҳои баландошёна, кашидани хати сурхи барқ ба беморхонаи деҳотӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло муроҷиат намуданд. Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло оид ба ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 

 КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢДОИРГАРДИД!

   Рӯзи 11 ноябри соли равон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки кормандони бахши дин, танзим анана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ ва бахши сабти асноди ҳолатии шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид. Дар конференсияи болозикр муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат баромад намуда, қайд намуд, ки натиҷаи ҳама корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ, шукуфоии забону фарҳанг ва илму адабиёт чун давлати соҳибистиқлол ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардошта, ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор аст. Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи 16-умро рӯйдоди сарнавиштсози миллат номида, таъкид карданд, ки он гардиши куллиеро дар кишвар ба вуҷуд овард. Он дар қатори дигар дастовардҳои муҳим, сабаби дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ ва ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031