-->
 

 

                                    БИНОИ БАЛАНДОШЁНА - ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

 

Дар доираи нақшаи омодагиҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди иншоотҳои таъиноташон гуногун идома дорад.

 

                            ТАШАББУСИ СОЗАНДАИ СОҲИБКОР

 

Хурсандибахш аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Қабул гардидани яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат -“Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” шаҳодати ин гуфтаҳост.

                                                                1 ДЕКАБР - РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

                               

                   

                          Ҳамасола рӯзи 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар мамлакат қайд карда мешавад.

                                                  ВОХӮРӢ СУДБАХШ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН

 

  

Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи шуъбаи маориф, омӯзгорон ва волидайни хонандагон вохӯрӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими ҳамкории падару модарон бо соҳаи маориф, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризму экстремизм ва пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона доир гардид.

                                                Ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи «Ҳалевард»


  Кофир Қалъа - «Ҳалевард» дар асрҳои 1-3 сохта шуда то асри 8 мавқеият доштааст. Таърихшиносон бар он назаранд, ки дар асрҳои миёна ин Қалъа маркази маъмурии минтақаи Вахш ба шумор мерафт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Ҳалевард, Ҳеловард, Ҳалавард ва Ҳаловард ёд гардидааст. Яъне, Ҳале – бузург ва вард-шаҳр маънои Бузургшаҳрро дорад.

                                                       МАШҚОИ ОМОДАГИИ МУДОФИАИ ҲУДУДИ

  

Ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои олии ватандорӣ аз ҳар фарди дилогоҳу хештаншинос рисолати                            бузурги фарзандиву садоқатмандиро тақозо менамояд.

                               КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА  РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ 

           Рўзи  16 ноябри соли равон дар Қасрифарҳанги Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси                   ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳо конференсия таҳти                 унвони «Президенти мо-ифтихори мо»  бахшида ба РӯзиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон доир гардид.

                                  

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - КИРДОРИ ЗИДДИҲУҚУҚӢ

         Оила яке аз рукнҳои муқаддас ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад. Дар ин замина, санаи 26 июли соли 2024 дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, ахборотчии ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» Саодат Аллаёрова ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мизи мудаввар оид ба мавзӯи «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид. Дар оғоз муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ қайд намуд, ки зӯроварӣ дар оила ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила буда, ба шакли ҷисмонӣ инъикос меёбад.

 ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС

    Санаи 24 июли соли 2024, аз тарафи ташкилоти "Хайрияи Тоҷикистон" бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбари ташкилоти зикргардида Дилшодов Умар дар деҳаи Телмони Ҷамоати деҳоти Золи Зар барои бунёди шаҳрча санги асос гузошта шуд. Дар ин мавзеъ барои ятимони кулли ноҳия хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, инчунин инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ таъмин карда мешавад.

 

                            ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

  Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд гурӯҳи корӣ доир гардида, оид ба мавзӯи пешгирӣ аз фарҳанги бегона дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд байни шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар рафти вохурӣ ќайд гардид, ки мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон нагарданд. Имрӯзҳо баъзе занону духтарони мо майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Пӯшидани сатр ва ҳиҷоб, ки имрӯз мушоҳида мешавад ба мардуми мо куллан бегона буда, ба либоси миллии мо робитае надошт. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда, инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор бошад ва инчунин инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30