-->
 

    Суратгузориш аз рафти таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар муассисаи таълимии давлатии мактабинтернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон. 18.03.2023

 

 

   

                                                         АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ                                                         Қадршиносии собиқадорони соҳаи матбуот дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, фаъолияти арзандаву ибратбахши онҳо мактаби бузурги омӯзиш ва парвариш ба насли ҷавон аст. Ин аст, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз 10 марти соли 2023 кормандони муассисаи давлатии рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати собиқадори соҳа Тоирҷон Қучқоров рафта аз ҳолу аҳволашон хабар гирифтанд. Инчунин аз хонадони собиқ сармуҳаррири рӯзномаи "Навиди Балх" шодравон Баҳром Муродов хабар гирифта, дар ҳақи арвоҳи марҳум дуову фотиҳа намуданд. Дар ин рӯз Ибодуллоҳ Одиназода -сармуҳаррири рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшу мақоми воситаҳои ахбори оммаро яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, инчунин дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик, ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро нишони таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма ва гувоҳи болоравии эътибори аҳли матбуот арзёбӣ намуд.                                                                                                                                                                                  

 ТАҶЛИЛИБОШУКӮҲИРӮЗИМОДАРДАРНОҲИЯИҶАЛОЛИДДИНИ  БАЛХӢ

   Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо фарорасии фасли зебои баҳор 8 март ҳамчун Рӯзи Модар дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани ин иди бонувон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Зан- Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Ба ин муносибат, яъне Рӯзи модар имрӯз 2 марти соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 

     ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ НАВРӮЗ Санаи 3 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занону бонувони ҳунарманди ноҳия чун анъанаи неки наврӯзӣ баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Дар ин рӯз занону бонувони фаъол ва собиқадорон аз расму оин ва анъанаиҳои неки наврӯзӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чаппотибандӣ, ороиши дастархони идона, пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва қироати шеърҳо дар васфи баҳору наврӯз пешниҳод карда шуд.                                          

                                                                                                                                                                                                      

                     АКСИЯИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” БАРГУЗОР ГАРДИ

   Тибқи супориши Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз 3 марти соли 2023 аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маркази ноҳия, кӯчаҳову хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.

 АКСИЯИ "ВАТАНИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕД ВА БАРОИ ҲИМОЯИ ОН   ҲАМЕША ОМОДА БОШЕД" ДОИР ГАРДИД

         Рӯзи 3 марти соли 2023 дар Ҷамоати шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи супориши Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аксияи "Ватани худро дӯст доред ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед" доир гардид. Дар ин рӯз аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷавонон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд. Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, ҳимояи манфиятҳои давлат ва халқи Тоҷикистон буда, адои ин қарзи имониву виҷдонӣ эҳтиром ба давлату миллат ва Ватани азизу маҳбуб мебошад. 

                                    ОҒОЗИКИШТИПУНБАДОНАДАРНОҲИЯИҶАЛОЛИДДИНИБАЛХӢ

         Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти пунбадона оғоз гардида, то ба имрӯз бо маром идома дорад. Аз ҷумла санаи 4 марти соли 2023 заҳматкашони Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аввалин шуда кишти пунбадонаро оғоз намуданд. Нахуст, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои кишти пунбадона дар ноҳия дидан намуда, ба заҳматкашони Ҷамоати шаҳраки Гулистон барору комёбӣ хоста дуову фотиҳаи нек доданд.                  

 Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.

 

 

                                    САНҶИШИ ТЕХНИКӢ ДАР НОҲИЯ

  Ҳафтаи сипаригашта дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намоиши техникаҳои кишоварзӣ бо иштироки сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур, сардори бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон Баҳодурзода Аюб ва муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам доир карда шуд. Тибқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷамолиддин Ғуломов барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироат дар ноҳия 196 адад техника ва агрегатҳои кишткунанда мавҷуд буда, аз он 167 ададаш коршоям мебошанд, ки ҳамаи техникаҳо бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда, сипор ва дигар таҷҳизот барои шудгор таъмин карда шудаанд. Аз тарафи масъулин дар ҳузури меҳмонон ҳама намуди техникаҳои лозима барои боғпарварон, пахтакорон ва деҳқонон ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин аз санҷиши техникӣ гузаронида шуд.                  

   

                                            

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда