МУБОРИЗА БАР ЗИДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ!
Дар ҷаҳони имӯрз терроризм ва экстремизм ҷинояти хатари ҷиддӣ ба амният ва оромии ҷомеъа буда, мутаассифона рӯз то рӯз ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуб буда, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зараре ба иқтисодиёти кишварҳо расонида мешавад. Мафҳуми экстремизм – аз калимаи франсузии (экстремист) гирифта шуда маънояш ифродгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои номатлуб, тундравию якравист. Аз андоза гузаштан ин гуна ҳаракатҳо оқибат ба терроризм меорад. Терроризм аз калимаи лотини террор- маънояш тарс таҳдидкардан ва маҳв кардан аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкӯш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар ва маккор оварда шудааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Террорист Ватан, миллат, дин, мазҳаб ва сарҳад надорад”.
Мақсади террорист вайрон кардани сохти конститутсионӣ ва бо роҳи қасдан ва зӯроварӣ ба даст овардани ҳокимият мебошад. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он, ки чунин омилҳо ва ҳаракатҳо дар гуруҳҳои террористӣ дида мешаванд.
Бо мақсади пешгирии ҷавонон ва наврасон аз омилҳои номатлуб, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, №207 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷуммҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” ба тасвиб расида, моро зарур аст, ки баҳри саривақ ва дар татбиқ амалишавии қарори мазкур, инчунин пешгирии ҷавонони ояндасози ватанамон корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пайваста роҳандозӣ намоем.
Зухро Атабаева: Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ