НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 12.11.2022

                                  КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

   Санаи 10 ноябри соли 2022 дар толори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки кормандони соҳаи тандурустии ноҳия баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат баромад намуда, қайд намуд, ки натиҷаи ҳама корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ, шукуфоии забону фарҳанг ва илму адабиёт чун давлати соҳибистиқлол ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардошта, ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор аст. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи 16-умро рӯйдоди сарнавиштсози миллат номида, таъкид карданд, ки он гардиши куллиеро дар кишвар ба вуҷуд овард. Он дар қатори дигар дастовардҳои муҳим, сабаби дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ ва ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Сипас муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Давлатмурод Назаров дар мавзӯи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихии он суханронӣ

 

 

 

 МАРЗУ БУМИ ВАТАН БАРОЯМОН МУҚАДДАС ВА БУЗУРГТАРИН АРЗИШ АСТ

   Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушаххас гардидааст. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930